Шаклҳои терроризм, экстремизм ва роҳу воситаҳои пешгирӣ аз он

Терроризм ва экстремизм масъалаи мубрами замони муосир маҳсуб меёбад. Ин падидаи номатлуб тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба дод овардааст. Вобаста ба шакл ва намуди ин рафтори деликвентӣ ё худ каҷрафторӣ андешаҳои олимон гуногунанд. Масалан, терроризми муосир бештар бо соҳаҳои асосии ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаҳои кишварҳои алоҳида: сиёсат, муносибатҳои миллӣ, дин, ҷомеаҳои ҷиноӣ ва ғайра алоқаманд аст.
Терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои ҷиддии тамаддуни муосир, таҳдид ба субот ва рушди осоиштаи ҷомеа аст. Ифротгароии динӣ ҳамчун як шакли шадиди амалҳои харобиовари иҷтимоӣ амал карда, ба амнияти давлат ва асосҳои рушди устувори ҷомеа хатар эҷод мекунад ва метавонад давлат ва ҷомеаро заиф намуда нобуд созад. Дар аксар давлатҳои дунё терроризм ва экстремизм њамчун як шакли ҷудоихоҳӣ, фаъолияти тахрибкорона алайҳи арзӣ ҳастӣ ва суботи сиёсии давлат амал мекунад. Дар рӯи олам этноэгоизм, этносентризм ва шовинизм, ки дар фаъолияти як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зуҳур меёбанд, инчунин муҳоҷирати назоратнашаванда ба таҳкими миллатгароӣ, ифротгароии сиёсӣ ва динӣ, људоихоњии миллї мусоидат намуда, барои буњрони сиёсї шароит фароњам меоваранд. Ин амали нанговар на танҳо объектҳои муайянро нобуд месозад, балки, ба арзишҳои иҷтимоӣ, куштор ва бедор кардани ҳисси тарс дар ҷомеа зоҳир мегардад. Барои ҳалли муаммои мазкур пеш аз ҳама ҳамкории дастаҷамъонаи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст. Маҳз ба ҳамин хотир 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи худро вобаста ба Сулҳи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои таҳдидҳои замони муосир баён намуданд.
Террористону экстремистон аксар вақт гурӯҳҳои зиёди одамонро ба тарафи худ гирифта, баруњу равон ва шуури онҳо таъсири харобиовар мерасонанд ва ба ин васила онҳо дар дилхоҳ вақт истифода мебаранд. Одамоне, ки ба доми онҳо фаромадаанд гӯё зери таъсири доруе қарор доранд. Ин гуна одамон метавонанд хатари худро ба ҳамаи қишрҳои аҳолӣ осеб расонанд. Мушкилии кор дар он аст, ки осебрасонӣ ба ҳар роҳу восита аз ҷумла мағзшӯии одамон ва суханҳои беасос, ки аксар вақт зери ниқоби динӣ аст. Инсон, ки мавҷудоти зудбовар аст мутаассифона ба догмаҳои динӣ ворид гаштанаш душвор нест. Аз ин хотир баланд бардоштани саводи илмӣ яке аз роҳҳои эмин будан аз амалҳои номатлуб маҳсуб меёбад.
Ифротгароии динӣ дар муборизаҳои пинҳонии сиёсии кишварҳо ва тамаддунҳо ҳамчун аслиҳаи фаъолияти тахрибкорӣ низ зоҳир мегардад. Бисеёре аз мамлакатҳои харобгашта аз дасти ин гуна ашхосон ба бӯҳронҳои шадид гирифтор гаштаанд ва роҳи халосӣ аз онро надоранд. Агар ба ифротгароии динӣ муқовимат ба таври лозима дода нашавад, он метавонад боиси аз байн рафтани љамъият гардад ва аз ин рў дарки амиќи илмии моҳият, сабабҳо ва усулҳои мубориза бо он бенињоят зарурї ба шумор мераванд.
Ифротгароии динӣ таваҷҷӯҳи зиёди сиёсатмадорону файласуфон, коршиносон ва мутафаккирони динро ба худ ҷалб мекунад. Барои муборизаи бомуваффақиятона бар зидди ифротгароӣ муҳаққиқон фаҳмиши консептуалии ин падидаро махсусан муҳим медонанд: навъҳои он, дурнамои рушд, мувофиқати амалҳои зидди ифротгароӣ, фарқият дар миқёсњо, мазмун, ангезаи зуҳурот; инчунин зарурати додани бањодињии касбии коршинос ба ќарорњои ќабулшуда барои таъсири зидди ифротгарої.
Экстремизм ва терроризм падидаи мураккаб ва норавшан буда, дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Дар он унсурҳои гуногуни инъикоси хаёлии воқеият, амалияи харобиовари иҷтимоӣ ва эътирози иҷтимоӣ, инчунин идеалҳои муайяни иҷтимої муттаҳид мегарданд. Аксар вақт он бо таассубгароии динї зоҳиран шабеҳ шинохта мешаванд. Дар ҳамин ҳол, гузаронидани фарќияти бунёдии байни онњобарои бомуваффақиятона мубориза бурдан бо ин ва дигар зуҳуроти манфии љомеъа бешубња муњим ба њисоб меравад. Аз ин хотир ҷомеа ба ҷаҳонбинии дини худ бояд таҷдиди назар кунад ва андешаҳои худро вобаста ба моҳияти дин дида барояд. Аслан этиқод ин инфиродӣ аст ва ба он таассубкорӣ аз рӯи мантиқ дуруст намегирад. Таассубкорӣ низ метавонад ба роҳи нодуруст шахсро равона кунад, ки ин масъала низ аз дониши инсон вобаста аст.
Вазъияти норавшани эътирофи худи падидаи ифротгароии динӣ ва надоштани фаҳмиши умумӣ дар бораи ин зуҳурот масъалаи баҳсталаб ва ҳалталаб аст. Имрӯз мафҳуми пешини террори давлатӣ алайҳи аҳолии худ ҳамчун геноцид алайҳи халқи худ, вайронкунии оммавии ҳуқуқи инсон баррасӣ мешавад. Истифодаи усулҳои террористӣ дар қаламрави хориҷӣ аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ ҳамчун ҷинояти ҷангӣ ба ҳисоб меравад. Терроризмро шахсони ғайридавлатии фаъол шахсони алоҳида, гурӯҳҳо ва ташкилотҳо мебаранд.
Яке аз шаклҳои терроризм ин шакли терроризми миллӣ (миллӣ, этникӣ е сепаратистӣ) мебошад, ки мақсади он ташкили давлати алоҳида барои гурӯҳҳои этникии тарафдорони онҳо мебошад. Тарафдорони онҳо инро "озодии миллӣ" низ меноманд. Ба ақидаи ин гуна террористон, бояд миллати дигарро бо роҳи аз байн бурдани ҳокимияти давлатӣ, баъзан фарҳангро нобуд кардан ва ҳатто молу мулк ва заминро забт кардан ба манфиати кори онҳо аст.
Шакли терроризми динӣ бошад бо кӯшиши гурӯҳҳои мусаллаҳ барои тасдиқ ва эътироф кардани эътиқоди террористон ва ҳамзамон заиф ва ҳатто нобуд кардани дигар гурӯҳҳо вобаста аст. Террористони динӣ зӯровариро барои мақсадҳое истифода мебаранд, ки ба назари онҳо аз боло муайян карда шудаанд. Ин шакли терроризм дар ҳоли ҳозир босуръат рушдёбанда маҳсуб меёбад. Идеологияи асосии терроризми динӣ бо мавқеъҳои зерин муайян карда мешавад: манбаи асосии паҳншавӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ-динии Арабистони Саудӣ, Судон, Эрон, Покистон ва Афғонистон. Мақсади ниҳоии фундаментализми исломӣ дар ҳама кишварҳо таъсиси давлати динӣ мебошад, ки онро рӯҳониен идора мекунанд ва қонунҳои шариатро роҳнамоӣ мекунанд, ки заминаи пурқудрати молиявӣ низ доранд.
Имрӯз дар ҷаҳон зиеда аз 500 ташкилоти террористӣ мавҷуд аст, ки рӯз то рӯз дар тамоми дунё доман паҳн карда истодааст. Ба созмонҳои маъруфи байналмилалии террористӣ инҳо дохил мешаванд: Ҷанбҳаи наҷоти исломӣ созмони бунедии исломӣ, ки соли 1989 таъсис ефтааст ва ҳадафи он сарнагун кардани режими дунявӣ дар Алҷазоир ва таъсиси давлати исломӣ дар он ҷо мебошад; Артиши озодии Косово ташкилоти ҷудоиталабии террористӣ, ки дар Қаламрави Албания, Македония ва Югославияи собиқ фаъолият мекунад ва ҳадафи худро ба даст овардани истиқлолияти Қаламрави Косово ва Метохия қарор медиҳад; "Аумсинрике" як мазҳаби динӣ аст, ки соли 1987 аз ҷониби Секо Асахара таъсис ефтааст ва ҳадафи он ба даст овардани ҳокимият аввал дар Ҷопон ва сипас дар тамоми ҷаҳон мебошад; Ҳаракати исломии Узбекистон ҳаракати мусаллаҳона, ки ҳадафи он дар Қаламрави Осиеи Марказӣ таъсиси хилофати исломӣ мебошад, ки бояд давлатҳои мусулмонони ин минтақаро дар бар гирад; Артиши ҷумҳуриявии ирландия ташкилоти низомӣ, ки ҳадафи он ба даст овардани истиқлолияти пурраи Ирландия аз Бритоние мебошад; Ҷабҳаи халқии озодии Фаластин созмоне, ки ба нобуд кардани давлати яҳудӣ равона шудааст, ки ба як қатор амалҳои террористии пурсарусадо оварда мерасонад; ҲАМАС ҳаракати муқовимати исломӣ дар Фаластин, ки аз ҷониби шайх Аҳмад Ясин таъсис ефтааст; Ҳизбуллоҳ, ки соли 1982 дар Баал-бек (Лубнон) таъсис ефтааст, ки барои боздоштани таҷовузи Исроил аз Ироқ якчанд сад "муҳофизони инқилоби исломӣ"омадаанд. Ал-Қоида ташкилотест, ки соли 1990 аз ҷониби Усома бен Лоден бо мақсади муттаҳид кардани арабҳое, ки дар Афғонистон бар зидди ҳамлаи шӯравӣ мубориза мебурданд, таъсис ефтааст. Дар айни замон ҳадафи "барқарорсозии давлати мусулмонӣ" дар саросари ҷаҳонро доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ТЭТ ҲНИ ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон яке аз душманони миллат ва давлат маҳсуб меёбад.
Террористону экстремистон ба ҷомеа таҳдид мекунанд ва мубориза бояд алайҳи онҳо шадид бошад. Зеро ин гуна нокасон ҳаёти осоиштаи инсонро халалдор менамоянд ва зарир ҳам руҳӣ ва ҳам ҷисмонӣ расонида метавонанд. Террорист ватан, миллат, фарҳанг надорад. Ӯро ба қатори инсон ворид кардан ҳам намешавад. Зеро инсон барои ҳаёти солим мубориза мебарад. Террорист бошад барои марг мубориза мебарад. Аммо ҳамеша шахси сеюм дар байни террористону экстремистон қарор дорад, ки аз ин амалҳо ӯ манфиатдор аст.
Ҳошимова Зуҳрохон, муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”
САРЧАШМАҲОИ ИСТИФОДАШУДА
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». 28.12.2023 16:00, шаҳри Душанбе. – Манбаи дастрасӣ: http://prezident.tj/node/302191. (санаи муроҷиат 18.02.2024)
[2] Миров Ф. Ифротгароии динӣ – зуҳуроти номатлуби ҷомеа. – Манбаи дастрасӣ: https://ifppanrt.tj/tj/ilm-va-navidho/andeshai-muhakkikon/item/1550-ifrotgaroii-din-zu-uroti-nomatlubi-omea.html (санаи муроҷиат 17.02.2024)
[15] Турсунова З. Терроризм ва ифротгароии динӣ. Захираи электронӣ. – Манбаи дастрасӣ: https://www.tajmedun.tj/tj/nazare-ba/muboriza-bar-ziddi-terrorizm-va-korrupsiya/terrorizm-va-ifrotgaroyii-din/. (санаи муроҷиат 18.02.2024)
[3] Маҳмадизода Н.Д. Зоҳиршавии ифротгароии динӣ‑сиёсӣ дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷик ва роҳҳои пешгирии он: Монография. – Душанбе: “ЭР‑граф”, 2022. – 324с.
[4] Сафарализода Х.Қ. Таҳдидҳои замони муосир: масъалаҳои назариявию методологӣ. Монография. – Душанбе: ЭР‑граф, 2023. – 420 с.
[5] Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди ҳабдаҳум. – Душанбе: “Ирфон”, 2018, 576 саҳ.
[6] ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе, “Таъминотчӣ”, 2018. – 516 саҳ.