САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маротиби дигар исбот намуд, ки муносибати неки байни ду кишвар боз ҳам мустаҳкам гардида, он ба марҳилаи нави рушди ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳоро тақозо дорад. Дар доираи ин сафар Сарварони ду кишвар масоили муҳими сиёсӣ: рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, иқтисоди сабз ва технологияҳои рақамиро матраҳ намуданд ва гуфтушунидҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд. Қайд кардан зарур аст, ки солҳои охир равобити байни ду давлат босуръат дар сатҳи олӣ рушд ёфта, робитаҳои мутақобилаи судманди ҷонибҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи сафар ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олии ду давлат, комёбиҳои назарраси Созмони Ҳамкории Шанхай ва иртиботи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчубаи ин созмон, натиҷа ва самараи иқдоми муштараки бунёди «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим», вазъияти амният ва суботи ҷомеа дар минтақа ва ҷаҳон, робитаҳои гуманитарии ду кишвар дар Марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳақиқат, муколамаи ошкоро ва созандаи миёни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи олӣ қарор дошта, он самараи нек оварда истодааст.
Дар замони муосир мақом ва нақши Созмони Ҳамкории Шанхай афзуда, нуфузи геополитикии хосаро ба худ касб намудааст. Дар ин ҷода мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ҳадафи асосии созмон ба ҳисоб меравад. Инчунин ҳамкории гуманитарӣ ба нияти таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ зоҳир гардида, барнома ва ҳамоишҳои бисёрҷонибаи фарҳангӣ, таълимӣ, илмӣ, варзишӣ татбиқ шуда истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар оянда низ ба таҳкими эътибори махсуси байналмилалии созмон саҳм гузошта, баҳри сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ талош меварзанд ва дар ин замина ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Саҳифаи нави таърихӣ миёни Тоҷикистону Чин ин робита ба бунёди муштараки «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» мебошад, ки бо мазмуну муҳтаво ва натиҷаҳои назаррас пурғановат гардидааст. Дар масири таърихӣ корвонҳои тиҷоратӣ фарҳанги кишварҳоро ба ҳам пайваста, имруз низ он аз сари нав эҳё шуда, самари нек оварда истодааст.
Қобили тазаккур аст, ки таърихи 12 май дар майдони Тяньаньмэнь маросими расмии истиқбол бо иштироки Раиси Чин Си Ҷинпин баргузор гардид ва ин нуқтаи муҳими сафари давлатӣ ба ҳисоб рафта, он дар сатҳи эътимоди комил ва эҳтиром ҷараён дошт. Президентони кишвар масоили таҳкими «ҷомеаи сарнавишти муштарак»-ро ёдовар шуданд. Мувофиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин 31 санади нави ҳамкорӣ руйи кор омад. Сарварони давлатҳо Изҳороти муштаракро роҷеъ ба ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегӣ дар даврони нав ва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд. Ин санад зери шиори «Дӯстӣ-абадан, душманӣ-ҳеҷ гоҳ» амал хоҳад кард.
Дар ҷодаи пешбурди соҳаи маориф низ Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий амалӣ гардонида мешавад.
Ҳамин тавр, сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қадами нави геополитикӣ баҳри ояндаи неки созанда ва манфиатбахш миёни кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Мавзуна Рашидӣ,
муаллими кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»