Сафсатагӯиҳои наҳзатиён баҳри ҳисоботи “ғафсакак”-и хоҷагонашон
Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ кас ба гурӯҳ ва ё рекломҳое вомехӯрад, ки дар он наҳзатиён бо ҳар гуна филму наворҳое, ки пур аз тӯҳмату буҳтону маълумотҳои бардарӯғ омода шудаву бар мардуми тоҷик ба намоиш мегузоранд. Бале, ба тоҷикон намоиш медиҳанд, зеро он маводҳои фаҳшро аз ҳаёти сарзамини тоҷик мегиранду бо забони ноби тоҷикӣ омода мекунанд. Шояд ин фаъолияти онҳо як навъи маблағкоркунӣ ва ё ҳисоботдиҳӣ ба хоҷагони худ, ки ба куллӣ бинандаро водор мекунад, ки чунин таҳлил кунад ва як суолро пайваста ба худ диҳад, ки ин мардум ба ҷуз аз суханбозӣ ва ё туҳматсозӣ дигар кор надоранд магар? Худ дар хориҷи кишвар нишаста, ба кулли раванди давлатдории моро баҳогузорӣ мекунанду ба халқ “инъом”ва ин ҳама “ҷонканиҳо” баҳри чи ва ба хотири кӣ? Ин ҳама чун оина ба ҳар як бинандаи солимфикр равшан асту аён!
Авроқи таърихро саҳфаҳое бисёранд, ки аз фарҳанги мардуми мо, ки яке аз кухантарин, ташаккулёфтатарин фарҳанг маҳсуб меёбаду дар асоси принсипи демократия пеш меравад ва чунин баҳогузорию арзёбиҳои нисбӣ ба пешравию тараққиёти кишвари соҳибистиқлол таъсир расонида наметавонад. Албатта, чунин баҳогузориҳо, ки аз ҷониби ана ҳамин хоинони миллат гузаронида мешавад дар пайи худ ҳадафҳои муайян дорад ва ин ҳама бозӣ баҳри қонеъ кардани талаботҳои хоҷагони онҳо пешниҳод карда мешавад. Пўшида нест, ки имрўз аз ҷониби давлатҳои абарқудрат таҷрибаи «сиёсати духўра» васеъ паҳн шуда, нисбати давлатҳое,ки дар он ҷо озодиҳои динӣ бисёр нигаронкунанда аст ва амалҳои террористӣ нисбати намояндагони ин ё он мазҳаб ба амал меояд бо назардошти мақсадҳои геополитикии баъзе «абарқудратон» нодида гирифта мешаванд. Тоҷикистон дар минтақаи хеле ҳассоси дунё қарор дорад, ки вазъи ташвишовари ҳамсоякишварҳо нигаронкунанда аст. Худ вазъияти сиёсии ҳамсоякишварамон Афғонистон, ки ба куллӣ дар дасти террористони дирӯза ҳастанд, ташвиши тамоми минтақаро дучанд намудаву ҳар як нафарро баҳри ҳифзи ин замину ин макон муваззаф бинмудааст!
Мушоҳидаҳои солҳои охир аёнанд, ки тамоюли гаравиши ҷавонон ба ҳизбу харакатҳои ғайридавлатӣ рў ба коҳиш овардааст ва доираи муайяни шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз оқибатҳои вазнину манфии ифротгароиву тундгароӣ маълумоти кофӣ пайдо намуданд ва эшон ба хубӣ дарк намуда истодаанд, ки ин раванд ба ояндаи давлату миллат хатари ногуфтанӣ дорад. Аз сўҳбату мулоқотҳо бо ҷавонони фаъолу озодандеша имрўз ба хулосае омадан мумин аст, ки онҳо дар таҳлил, баррасӣ, омўзиш оид ба масъалаҳои сиёсӣ нигоҳи фарох доранд ва ақидаҳои солимро иброз медоранд. Ба хитобу итоб ҷавонони даврони соҳибистиқлол садо баланд мекунанд, ки “Моро давлати ободу халқи озод хуш аст. Мо бо Пешвои муаззами худ, месозему пеш меравем! Мо пайрави Пешвои миллат ҳастем! Ҳар як баромаду пешниҳоду арзёбии хоинони ватанфурӯшро маҳкум менамоем!”. Ин аст ватандориву ҳуввуияти миллӣ!
Дар ҳақ, дар ин замону марҳилаи хеле ҳассосу таърихиву сарнавиштсоз мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавононро мебояд такя ба арзишҳои гаронбаҳои милливу имтиҳонҳои вазнини таърихӣ зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба арзёбиҳои беасоси хоинон ҷавоби қотеона диҳанд ва исбот намоянд, ки меросбарони фарҳанги хеле қадимию асиланд.
Шарифзода М., ДДХ