​САФИ ДОКТОРОНИ ИЛМ МЕАФЗОЯД

Дар Шурои якдафъинаи диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи доктории дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҷабзода Саодат баргузор гардид.

Рисолаи илмӣ дар мавзуи «Системаи методии ташаккули маданияти педагогии донишҷӯёни ихтисоси математика тавассути муносибати босалоҳият» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10 – Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.1 – Назария ва технологияи таълими математика) пешниҳод гардид.

Мушовири илмии рисола доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул мебошад.

Ҳимоя дар доираи татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои солҳои 2026–2030 баргузор гардида, ба рушди иқтидори илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф мусоидат менамояд.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дифои сарбаландонаи рисолаи докториро табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ, корҳои эҷодиву таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони варзида барору комёбиҳои пайваста таманно менамояд.

Маркази иттилоот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ