​САФАРҲОИ ХОРИҶИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАМЧУН МЕХАНИЗМИ ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар марҳилаи кунунии рушди муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти давлат ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии вазъи геополитикӣ, афзоиши рақобати иқтисодӣ ва таҳдидҳои амниятӣ кишварҳоро водор месозанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ сиёсати хориҷии фаъол ва чандсамта пеш баранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пас аз соҳибистиқлол гардидани худ тавонист тадриҷан низоми муносибатҳои байналмилалиро ба роҳ монда, ҷойгоҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян намояд.

Дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Маҳз тавассути дипломатияи фаъол ва сафарҳои хориҷӣ Тоҷикистон ба ҳайси давлати сулҳҷӯ, ҷонибдори ҳамкориҳои созанда ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ муаррифӣ гардид.

Сафарҳои расмӣ ва давлатии Пешвои миллат на танҳо аҳамияти сиёсӣ доранд, балки ҳамчун воситаи муҳими рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими амнияти миллӣ хизмат менамоянд. Дар шароити муосир чунин сафарҳо ба яке аз абзорҳои муҳими дипломатияи давлатӣ табдил ёфтаанд.

Нақши сафарҳои хориҷӣ дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон. Дар сиёсати ҷаҳонӣ мулоқотҳои сатҳи олӣ ва сафарҳои давлатӣ воситаи муҳими муколамаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба рушд барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва ҷалби шарикони иқтисодӣ ба чунин дипломатия ниёз дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар, сафарҳои хориҷии Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати “дарҳои кушода” аҳамияти стратегӣ касб намудаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намояд. Дар ин раванд сафарҳои хориҷии Президенти мамлакат нақши муҳим бозиданд. Ҳадафи асосии чунин сафарҳо таъмини манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисод, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар мебошад.

Дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба масъалаҳои глобалӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон дипломатияи об ва иқлим мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид як қатор қатъномаҳои муҳимро оид ба масъалаҳои об қабул намуд. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз танҳо иштирокчии равандҳои байналмилалӣ набуда, балки ҳамчун кишвари ташаббускор низ эътироф шудааст.

Самтҳои асосии сафарҳои хориҷии Пешвои миллат. Сафарҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои якчанд самти муҳим мебошанд. Пеш аз ҳама, онҳо ба таҳкими амнияти миллӣ нигаронида шудаанд. Тоҷикистон дар минтақаи ҳассоси геополитикӣ ҷойгир буда, масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ барои кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Аз ин рӯ, дар мулоқотҳои сатҳи олӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ пайваста муҳокима мегарданд.

Самти дигари муҳими чунин сафарҳо ҷалби сармоягузории хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ба сармоя ва технологияҳои муосир ниёз дорад. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, саноатӣ ва нақлиётӣ амалӣ гардидаанд.

Инчунин сафарҳои хориҷӣ ба густариши ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мусоидат менамоянд. Имрӯз Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва табодули донишҷӯён ҳамкории фаъол дорад.

Сафарҳои муҳими байналмилалӣ дар солҳои охир. Яке аз сафарҳои муҳими Пешвои миллат иштирок дар иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк буд. Дар ҷараёни ин сафар Президенти Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, амнияти байналмилалӣ ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар мулоқотҳо бо роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат муҳокима гардиданд. Ҳадафи асосии сафар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ва масъалаҳои экологӣ буд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Русия низ аҳамияти стратегии калон доранд. Дар рафти сафарҳои расмӣ ба Русия масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ пайваста баррасӣ мегарданд. Тоҷикистон ва Русия дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкории фаъол доранд.

Дар баробари ин, муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ низ дар солҳои охир рушд карданд. Сафарҳои Пешвои миллат ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳалли масъалаҳои марзӣ ва густариши робитаҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин ҳамчун самти муҳими сиёсати хориҷӣ. Дар солҳои охир муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба расидаанд. Чин яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва сармоягузорони калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 11 то 14 майи соли 2026 аҳамияти махсус дошт. Ин сафар дар шароите баргузор гардид, ки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар босуръат рушд намуда истодаанд.

Дар доираи сафар Президенти Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, рушди энергетика, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди “сабз” муҳокима гардиданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин боздид аз Донишгоҳи Пекин ба шумор меравад. Дар ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи таълимӣ мулоқот анҷом дода, оид ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чин, нақши насли ҷавон ва аҳамияти рушди соҳаи маориф ва илм андешаронӣ намуданд.

Қисмати марказии ин чорабинӣ ба маросими тантанавии қадршиносӣ бахшида шуд, ки дар он бо қарори Шурои илмии Донишгоҳи Пекин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони баланди «Профессори фахрӣ» тақдим гардид. Ин унвони илмӣ ҳамчун нишонаи эътирофи саҳми шахсии Пешвои миллат дар таҳкими робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Чин, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти обу иқлим, арзёбӣ мегардад.

Ба даст овардани чунин унвони фахрӣ аз яке аз донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон бозгӯи эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва эътирофи нақши ӯ дар рушди дипломатияи илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ин иқдом ҳамзамон рамзи таҳкими эътимоди мутақобила ва густариши ҳамкориҳои академии ду кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва рушди илму технология аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Имрӯз шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил намуда, дар оянда метавонанд ҳамчун нерӯи муҳими инсонӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.

Дар доираи сафар Президенти Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ зарурати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ рушди энергетика, нақлиёт, технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди “сабз” муҳокима гардиданд, ки ин самтҳо барои рушди устувори ҳарду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд.

Натиҷаи муҳими мулоқот ба имзо расидани нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва бонк буд, ки тибқи он барои амалисозии лоиҳаҳои нав маблағҳои калон ҷудо карда мешаванд.

Ҳамзамон Пешвои миллат бо намояндагони ширкатҳои бузурги чинӣ мулоқот намуда, имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди саноати коркард, энергетика, истихроҷи маъдан ва технологияҳои муосир баррасӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи гидроэнергетикӣ, захираҳои бойи табиӣ ва мавқеи мусоиди транзитӣ мебошад. Ин омилҳо метавонанд барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар заминаи устувор фароҳам оваранд.

Дар маҷмуъ, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ дар даврони навва Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

Тавре зикр гардид, ин санад бо шиори зерин амал хоҳад дошт: «Дӯстӣ - абадан, душманӣ - ҳеҷ гоҳ”.

Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2027-2028;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028;

- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин - Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар асоси эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ;

- Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026–2028;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюро оид ба рушди содироти назди Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

- Созишнома миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваШурои Чин оид ба мусоидати рушди савдоибайналмилалӣ дар бораи таъсиси Шурои корӣ;

- Харитаҳои роҳ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар соҳаи метрология барои солҳои 2026-2031 миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва назорати сифат дар Тоҷикистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати манзил ва рушди шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба кумаки муштарак дар таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2026-2029;

- Протоколи ҳусни ният миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гушти мурғ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои донакдор (олу ва зардолу) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Синхуаи Чин оид ба ҳамкорӣ;

- Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин;

- Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи педагогии Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий.

Ин санадҳо барои рушди муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин заминаи нави ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ аҳамияти калон доранд.

Дипломатияи иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ. Дар шароити муосир дипломатияи иқтисодӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Сафарҳои хориҷии Пешвои миллат бештар ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ равона мегарданд.

Имрӯз Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, рушди энергетика, саноат ва рақамикунонӣ ба ҳамкории байналмилалӣ ниёз дорад. Аз ҳамин сабаб, мулоқотҳои сатҳи олӣ бо роҳбарони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои бузурги хориҷӣ аҳамияти амалӣ доранд.

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Чин, Русия ва дигар кишварҳо барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсолот ва рушди инфрасохтор мусоидат менамоянд.

Ҳамин тавр, сафарҳои хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Тавассути дипломатияи фаъол Тоҷикистон тавонист худро ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

Сафарҳои давлатӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими амният ва густариши робитаҳои гуманитарӣ мусоидат карда, барои боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд.

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ сиёсати хориҷии фаъол ва сафарҳои байналмилалии роҳбарияти давлат барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.

Мунира Ҳоҷиева,

муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ