​Садқаи Бадахшон шав!

Ҷузъи табиати биҳиштосою нотакрорҳусни Тоҷикистон кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон мебошад, ки дар қаъри он захираҳои фаровони сангҳои қиматбаҳову канданиҳои фоиданоки нодир нуҳуфта аст. Бо сабаби кӯҳсор будани мавзеъ дар Бадахшон захираи заминҳои корамбоб хеле маҳдуд буда солҳои тӯлонӣ боиси заҳмати пурмашаққати мардум дар дарёфти ғизо гардидааст. Ҳамаи хусусиятҳои маҳаллӣ ба ташаккули мардуми нотарс аз мушкилотҳои ҳаёт, ғаюру баномус мусоидат кардааст. Лекин, дар ин мавзеъ баъзе нафарони кӯтоҳақлу муғриз ба воя расидаанд, ки берун аз ҷомеа мебошанд ва ҳатто ба қадри хасу хошок намеарзанд.

Боқири авбоши гуреза бо ҳамтӯдаҳои бетамизаш аз афроде мебошанд, ки ҳисси худдонӣ (эгоизм)-ашон ҳиссиётҳои боқимондаи инсониро пахш кардааст. Вагарна, мардуми бовиқори бадахшонӣ ҳеҷ гоҳ андешаи муқовимат ба мақомотҳои давлатиро накардааст ва доимо бо фарҳангу анъанаҳои хоса шинохтаи ҷаҳониён шудааст. Эҳтимол меравад, ки хоҷагони хориҷӣ Боқирро дар дасисаҳои сиёсии худ истифода бурдаанду ӯ тамизу фаросот пайдо накардааст, ки роҳи ростро интихоб намояд.

А.Аловатшоеву дигар ҷавонони бадахшонӣ аз хатогиҳои кардашон пушаймон шудаанду роҳи ростро интихоб кардаанд. Иқрори руирост аз гуноҳҳои содиркарда нишонаи ҷавонмардист, ки онро дар Боқиру ҳамтӯдаҳоаш дидан амри маҳол аст. Зарур аст, ки ҳамдеҳагони дигари Боқир низ мавқеи оштинопазирона ба кирдорҳои ӯро ишғол намоянду бо тезӣ ҷомеаро аз тӯдаи Боқир пок созанд. Мебояд қайд кард. ки ҷиноятҳои тӯдаи Боқир саривақт ошкор ваҳатман ҷазо дода мешаванд. Дар акси ҳол, иззату икром ва шаҳомату шаъни мардуми Бадахшон коҳиш меёбад.

Бо камоли мамнуният изҳор медорам, ки хислати созандагию бунёдкорӣ, шукргузорӣ ба сулҳу суботи кишвар ва ҳоказо нисбат ба қувваи манфӣ дар Бадахшон волотар асту худи мардуми Бадахшон ба Боқиру боқирзодагонҷазои сазовор хоҳанд дод. Эҳтимол меравад, ки ба пошхӯрии гурӯҳи ифротгаро дар минтақа фазои орому осуда ҳукмфармо мегардад. Бо итминон метавон изҳор намуд, ки абадан якпорчагии Тоҷикистон дахлнопазир хоҳад буд ва ворисони Сомониён бо ваҳдату созандагӣ шӯҳратёри ҷаҳониён мебошанду мемонанд. Дар ин ҷода ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, садоқат ба Ватан саҳми муносиб гузорад.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ