​САДА – ПАЁМИ НУР АЗ НИЁГОН

Имрӯз таҳти чунин унвон дар толори раёсати Донишгоҳ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонон, олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.


Чорабиниро муовини ректор оид ба таълим профессор Абдуллозода Насим ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфт. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки бо ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардида, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва шинохта шуданд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои куҳани мардуми ориёӣ буда, омили муҳимми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад.

Сипас сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сӯҳроб баромад намуда, доир ба аҳаммияти эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик ибрози назар кард. Ӯ саҳми муассисаҳои илмӣ-таълимиро дар тарғиб ва муаррифии арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар бахши илмии чорабинӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод дар мавзуи «Сада – рукни барҷастаи ҳувият ва асолати миллӣ», номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ислом Раҳимов дар мавзуи «Ҷашни Сада ва худшиносии миллӣ» ва номзади илмҳои таърих, дотсент Фаррух Ҳусайнӣ дар мавзуи «Устураҳо оид ба пайдоиши ҷашни Сада» маърузаҳои илмӣ ироа намуданд. Маърузаҳо бо такя ба далелҳои таърихӣ ва таҳлилҳои илмӣ аҳаммияти фарҳангӣ ва маънавии ҷашни Садаро бозгӯ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён ва меҳмонон аз намоиши дастархони идона, таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, экспонатҳои археологӣ ва этнографӣ, инчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла наққошӣ, кандакорӣ, кундалкорӣ, муҳрабофӣ, гулдӯзӣ, сӯзанӣ ва кулолгарӣ, ки дар саҳни бинои раёсат ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуда, бо суруду рақсҳои миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ