Шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамаро “рӯзноманигор”-у “таҳлилгар” намудааст?
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шумораи истифодабарандагони интернет торафт афзоиш меёбад. Тибқииттилои сомонаи We are Social мувофиқ ба моҳи январи соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра ба интернет дастрасӣ доштанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 наздик 7% зиёд будаастд.
Феълан“Facebook”, “Viber”, “Odnoklassniki”, “VK” ,“Twitter”, YouTube, Instagram аз шабакаҳои маъмули иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд. Танҳо аз Фейсбук дар шароити кунунӣ беш аз 2,5 миллиард нафар истифода мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари он, ки манбаи осон ва фаврии дарёфти маълумот ва иттилоъ мебошанд, инчунин, ҷиҳати муошират ва барқарор намудани муносибат воситаи қулай ба шумор мераванд. Аз рӯи таҳлилҳо шабакаҳои иҷтимоиро аксарият маҳз барои муошират истифода мебаранд.
Торафт зиёд шудани сафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ далели равшан мебошад, ки одамон беш аз пеш пойбанди муошират ва муносибатҳои вертуалӣ ва онлайнӣ мегарданд. Ин зуҳурот ба худ хос хавфу хатарҳо низ дорад. Гузашта аз ин, хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ дар надонистани фарҳанги истифодаи он мебошад. Баъзе аз коршиносони соҳа нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, шабакаҳои иҷтимоӣ хурду бузургро “рӯзноманигор”-у “таҳлилгар” намудааст. Маъмулан, дар ин фазо ҳар нафаре, ки мехоҳад дилхоҳ мавод, хабар ё гузориш оид ба ин ё он ҳодисаву воқеа дарҷ кунад. Албатта ин хуб аст. Вале суоле ба миён меояд, ки магар чунин хабару маълумотҳои санҷиданашуда ва носаҳеҳ ба афкори мардум таъсир намерасонанд? Аз рӯи мушоҳидаҳо наҳама ба манбаъ ва дурустии хабарҳо эътибор медиҳанд, ин аст, ки як хабари шубҳаовар дар зудтарин фурсат дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ васеъ нашру паҳн шуда, ҳангома барпо мекунад.
Аз ҷониби дигар, мушоҳида мешавад, ки имрўзҳо бештари мардум иттилоъ ва маълумоти зарурро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт мекунанд. Ба чунин маълумотҳо, ки касе кафолати саҳеҳияти онҳоро дода наметавонад, эътимод бастан наҳамеша манфиатовар аст. Гоҳо аз маълумоту иттилои духўра раҳгум мезанем ва дар натиҷа ба ҳолати руҳӣ ва фаъолияту зиндагии инсон таъсири ҷиддӣ мерасад.
Бинобар ин, тарбияи фарҳанги истифодабарӣ аз шабакаҳои интернетӣ дар шароити имрӯза хеле зарур аст. Гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав шабакаҳои иҷтимоиро ба минбари таблиғи андешаҳои ифротӣ табдил додаанд, ки бинобар иллати паст будани маърифати истифодабарӣ барои иддае аз ҷавонон хатарнок аст.
Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети забонҳои шарқ