Сабабҳои гароиши ҷавонон ба тамоюлҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он

Асри XXI асри рушди босуръати илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва бархурди тамаддунҳо буда, давлатҳои абарқудрат сиёсати ҷаҳонишавиро пеш гирифтаанд. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама, бояд бар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатхои байни ҳамин абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва ё иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои хифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем. Ҷомеаи мо, давлати ҷавони мо имрӯз дар марҳилаи аввали дигаргуниҳои таърихӣ ва бунёдӣ қарор дошта, давраҳои таҳаввулоти бунёдӣ, хусусан, дар марҳалаҳои аввал на ҳамаи мардум истеъдоду тавоноии иштирок дар ин равандҳо ва дарки дурусту амиқи ин дигаргуниҳоро доранд. Қобили тазаккур аст, ки ниёгони мо яке аз куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар се зинаи ахлоқӣ, пойдевори "пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек" устувор буд. Дар идомаи ин суханон муҳаққиқи нуктасанҷ Эмомалӣ Раҳмон дар асари бунёдии худ «Чеҳраҳои мондагор» зикр кардаанд: “ойини маздоясно болои се ситораи тобноки ахлоқи инсонӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек устувор аст ва ин се сухани бузург, дирафши ниёгони мо буда, ин се ибора тамоми аъмоли некеро, ки аз тарафи пайравони дин дар ҳар ҷо анҷом пазирад, ба доираи муқаддаси худ шомил месозанд”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарбияи инсони комил, ватандӯсту содиқ ба идеалҳои миллӣ зарурати асарҳои пурмуҳтавои омӯзандаеро талаб доранд, ки дар онҳо шикояту заифнолӣ, оҳангҳои рӯҳафтодагию маъюсӣ, беиродагию тарсӯӣ назди мушкилиҳову азобҳои зиндагӣ камтар ба мушоҳида расида, ҷавҳари ибратомӯзи онҳоро инсондӯстӣ, талошу ҷаҳд, хулқу атвори нек, меҳру муҳаббат ба имрӯзу фардои кишвар, зиндагии шоиста, ба ақидаи Демокрит кӯшиш ба саодат, ба ободкорию созандагӣ фарогир бошанд. Дар Паёми навбати худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2016 бори дигар масъалаи муҳим ва асосӣ будани ҷавонон, ки бунёдкориҳои нав аз онҳо вобаста аст, Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён доштанд: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд» (2, 29). Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони Истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад. Бояд баён дошт, ки имрўз дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ 170 ҳазор донишҷўён таҳсил мекунанд, дар хориҷи кишвар бошад 30 ҳазор ҷавонон таҳсил доранд. Дар 39 мактабҳои олӣ аз рўи ихтисосҳои замонавӣ шомили таҳсили илм мебошанд. Баъдан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои расидан ба ҳадафи сиёсати ҷавонон тамоми шароитҳоро давра ба давра фароҳам оварда, санаи 20-уми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор дорем”. Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қайд намуданд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавонон буда, синни миёнаи аҳолӣ 24 сол ва 70 фоизи сокинони онро шахсони то 30 сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин мо аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба татбиқи сиёсати давлат доир ба ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа афзалияти бештар муқаррар намудем. Имрӯз шумораи ҷавонони то 35 сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз, дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад». Дастгириҳои дар суханрониҳо зикр намудаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ин қатрае аз баҳр буда, барои ояндаи ҷавонон аз ҷониби Президенти кишвар ғамхориҳои зиёде роҳандозӣ карда шудааст. Маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Пешвои миллатамон ҷавонон ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтанд. Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон ба масъалаи зиракии сиёсии ҷавонон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Ва ба ҷавонон муроҷиат намуда таъкид менамоянд: «Зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем». Воқеан ҳам, бо ин қадар тарғибу ташвиқ ва аз тарафи омӯзгорон, зиёиён ва аҳли фарҳанг таҳкими тафаккури миллӣ ва ғояҳои солим дар зеҳни онҳо ворид кардан қисме аз ҷавонон як қишри осебпазири ҷомеа буда, метавонанд фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо гарданд. Бинобар ин, яке аз омилҳои эҳтиёти ҷавонон аз ҳар гуна дасисаю иғвоҳо ин баланд бардоштани зиракии сиёсии онон мебошад. Зеро эҳсосҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тоқатпазирӣ, таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва дигар сифатҳои ҳамидаи инсонӣ ба зиракии сиёсӣ вобаста аст. Дар ин радиф, хираду маърифати воло, дарку фаҳмиши баланди замонавӣ, бардоштҳои эстетикӣ, тарбиявию ахлоқӣ аз осори адабии ҳам классикони адабиёти форсу тоҷик ва ҳам адибони прогрессивии ҷаҳонӣ ва шоиру нависандагони муосири кишвар дар масоили таҳлилию таҳқиқии падидаю равандҳои сиёсии ҷаҳон барои насли ҷавон кӯмаки бузург мерасонад. Дар мақолаи “Чеҳраҳои мондагор-мазҳари тарбия ва худшиносӣ” нигошта шудааст: “Мақому манзалат ва ҷойгоҳи Шамси Табрезӣ ва Мавлоно дар тамаддуни ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, андешаҳои ҷаҳонсози онҳо, ки мазҳабу миллатро убур карда, фаро рафтааст, беандоза бузург буда, баҳри сулҳу ваҳдат ва пойдории адолат дар замони ҷаҳонишавӣ нақши бориз дорад”. Мутаассифона, фиребу ба дом андохтани афроди бесаводу нодон ва каммаърифату беирода, ки теъдодашон дар байни ҷавон вомехӯранд, амали мушкиле нест. Тибқи нишондоди таҳлилгарон дар ҷанги Сурия бархе аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок намуда, ба ин гурӯҳҳои экстримистӣ пайвастаанд. Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавонон, пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ин гурӯҳҳо мешаванд, сарони ин гурӯҳҳои экстремистӣ ба онҳо маблағ ва ҳатто, ҷойи кори хубро ваъда мекунанд. Инчунин, дуруст надонистани моҳият ва мазмуни дини мубини ислом низ ба ин сабаб мегардад, зеро ҷанги мусулмон бо мусулмон ҳаргиз ҷиҳод нест, ба ҳалокат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои шаҳид шуданро надорад. Омилҳои дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонанд, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути шабакаи интернет паҳн карда мешаванд. Бинобар ин, вазъи имрӯза, раванди тезутундшавии манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, бархурди тамадунҳои гуногун, зарурияти ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар назди ҳар як фарди кишвар, алалхусус, наврасону ҷавонон вазифа мегузорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба муқобили ҳама гуна гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоем. Хусусан, ҷавонони мо бояд фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳо, идеологияи бегона нашуда, хуб андеша намоянд, то ин ки рафторашон боиси пушаймонӣ нагардад. Мутаассифона, ҷавонони ноогоҳу каммаърифат саҳлу осон ба доми тазвири тарғибгарону идеологҳои созмонҳову ҳаракатҳои террористию экстремистӣ меафтанд. Ваъдаҳои пучи фиребо, пулу сарвати набуда, бунёди давлати исломии «озод» ва ҷон бохтану худро фидо кардан дар роҳи «исломи ноб» аз омилҳои ҷазбкунандаи сарварони ДОИШ ва дигар равияҳои хатарноки ба ном «исломӣ» маҳсуб меёбанд, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷаҳон, ба вижа ҷамоҳири Осиёи Миёна ҷавононро ба сарзаминҳои ҷангзада, хусусан, Сурия равон месозанд. Самараи талху пушаймонизои ин фидоигарию муборизаҳоро ҳар лаҳзаву ҳар соат мебинему ба мушоҳида мегирем, ки тафсиру таҳлили он зарурате надорад. Аз ин лиҳоз, истифода аз тамоми имконоти дастрас, махсусан аз васоити фаврии иттилоърасонӣ, суханронию вохӯриҳои олимон, адибон ва мутафаккирон бо донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар, дар деҳот бо мардум, падару модарон ва ҳангоми сафарҳо ба Русия ва мулоқот бо муҳоҷирон ва ғайра имрӯзҳо бағоят зарур буда, дар роҳи пешгирии ҷавонон дар масъалаи шомил гардидан ба сафи ДОИШ нақши мусбат хоҳанд бозид. Дар ҳар сурат, бояд дарк карду амиқан ба эътибор гирифт, ки таъсири ҳама гуна ақидаи саробомези дасисаҷӯёна ба зеҳну шуури насли ҷавон барозанда аст.

Муҳиммияти ин андеша аз он иборат аст, ки дар марҳилаи басо нозуку ҳасос, ки ҳар лаҳза ҷаҳонро тағйироту дигаргуниҳои ногаҳонӣ ба ҷунбишу такон мувоҷеҳ месозад, истифодаи маккоронаи давлатҳои абарқудрати манфиатхоҳ ва сарони гурӯҳу аҳзоби тундгарои террористӣ, созмонҳои тафриқаандозу низоъбарангез аз дин ҳамчун василаи расидан ба мақсадҳои сиёҳу нопоки худ ниҳоят хатарзо ва ваҳшатангез мебошад. Ҳол он ки, дин ҳамеша рисолати тарбиявию ахлоқӣ дошта, инсонҳоро баҳри некӣ кардану сулҳу созиш даъват менамуд. Имрӯз дин ба масобаи объекти мубориза ва бароварда сохтани аҳдофи нопоки ҷангхоҳони ДОИШ шинохта шудааст, паёмадҳои манфии муҳлике ба ҷони инсоният, хосатан мардуми мусулмон - шаҳрвандони мамлакатҳои ҷангзада дорад. Вазифаи имонию виҷдонии ҳар як зиёию рӯшанфикри тоҷик хоҳ олиму адиб, хоҳ омӯзгору рӯзноманигор, дар маҷмӯъ аҳли фарҳанг ба зеҳну фаҳмиши мардум расонидани моҳияти башардӯстонаи дини ислом, аспекти сулҳгароёнаи он, дӯстию бародарӣ ва талқини ҳамзистии осоиштаи халқияту миллатҳо ба шумор меравад. Барои тарбияи насли аз ҷиҳати маънавию ҷисмонӣ солими ҷомеа аҳамияти ин рисолаҳо бағоят мухим аст. Дар баробари онҳо мо бояд ба ҳаллу фасли масъалаҳои демографӣ ва танзими оила низ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоем. Зеро вазифаи падару модарон танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки вазифаи муқаддаси онҳо бо ахлоқи ҳамида тарбия ва соҳибмаърифат кардани онҳо мебошад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид кардаанд: “Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намоянд”. Бинобар ин, ба назар гирифтани муносибат ва таносуби фарҳанги миллӣ ва хориҷӣ, муайян кардани роҳҳои пешгирии унсурҳои фаҳш ва касофати зиддифарҳангии аз хориҷ таҳмилшаванда ва дар ивази онҳо ба ҷавонон пешниҳод кардани афкору андешаҳои солими фарҳанги умумибашарӣ шарти зарурии суботи ҷомеа мебошад. Дигар аз зуҳуроти номатлуби олами имрўза, ки боиси ташвиши тамоми мардумони сайёра гардидааст, ин терроризму экстремизм мебошад. Боиси афсўс аст, ки ин гурӯҳҳои муташаккил барои расидан ба мақсадҳои нопоки хеш аз ҳама гуна амалҳои нангину разилона даст намекашанд ва аз бетаҷрибагии бархе аз ҷавонон моҳирона истифода намуда, бо роҳи фиреб онҳоро ба самте мебаранд, ки поёнаш афсӯсу надомату пушаймонист. Ин ҷавонони ноогоҳу сода ва зудбовар қурбони мақсадҳои нопок гардидаву дар дилу дидаи наздикон доғу андўҳи гаронеро ба мерос мегузоранд, ки дар тамоми даврони зиндагии наздиконашон нанг ва гаронтарину бедавотарин мушкилоти ранҷ хоҳад буд. Ҷои таассуф аст, ки як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳу камсавод ва беиродаву зудбовари тоҷик низ фирефтаи ваъдаву найрангҳои ин гурӯҳҳои ифротгаро гашта, бо онҳо ҳамкорӣ менамоянд ва ё шомили дастаҳояшон шудаанд, ки боиси паст задани шаъну эътибори миллати фарҳангсолору маънавиятсози мост.

Бобати масъалаи мазкур, ки аз масоили глобалии сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд сухан ронда, таъкид намудаанд, ки: "Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Дар ҳақиқат ин падидаи номатлуб, ки ҳадафаш вайронкориву харобиоварист ва нобуд кардану фано сохтан аст, бо дин, бахусус бо дини мубини ислом пайванде надорад. Ин дастаҳо барои амалӣ сохтани мақсаду ғаразҳои нопокашон ва расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон чунин гурӯҳҳоро созмон дода, ҳамаи воситаву имкониятҳоро истифода менамоянд. Бояд ақидаву афкорамон солим бошад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ "ба ҳайси давлатӣ" эътироф намешавад. Ҳарчанд ба ибораи Абдуллоҳи Муҳаққиқ ислом мактаби муттаҳидкунанда, омили дӯстии қавму фирқа ва миллатҳои гуногун мебошад. Ҳамин тавр, тарғиби ахлоқ вазифаи кулли шохаҳои фарҳанг буда, нуктаи олии ахлоқро Афлотун саодат номида буд ва имрӯз зери Парчами давлати тоҷикон бо ҳидоят ва дастгирии Пешвои миллат, Сарвари бузург Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба саодати зиндагии шоиста расидан муҷтаҳид ҳастем. Барои ин мақсади олӣ чанд омил ногузир аст:

Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои Ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест.

Модарон ва занон позаҳр баҳри вабои асри XXI терроризм ва экстремизм ҳастанд, зеро яке аз муаллифон ширкаткунандаи Форуми Осиёимиёнагии Занон муқобили терроризм ва экстремизм аз 19-21-уми августи соли 2015 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардида буд, ин мабдаъро пешниҳод намуд, ки мақбули ҳама гардида буд.

Зарур аст, ки роҳу усулҳои ташвиқу тарғиби идеологиро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки арзишҳои миллӣ барои миллат, ҳақиқатан, арзишманд гарданд.

Ба зиёиёни тоҷик зарур аст, ки дар шуури ҷомеа моҳияти миллат ва давлатро ташаккул диҳанд. Муттаҳидии давлат ва миллат дар шахсият ва ҳисси ватандӯстӣ зоҳир мегардад. Ватанпарастӣ ҷавҳари худшиносии миллӣ мебошад.

Зиёиён ба мардум бояд таблиғ намоянд, ки ба қадри давлату давлатдории миллӣ, рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ расидан лозим аст, Конститутсия ва дигар муқаддасоти миллиро риоя ва эҳтиром намудан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Тарбияи ҳиссиёти миллӣ, фарҳанги миллӣ, номуси миллӣ, ифтихори миллӣ ва тарғиби либоси миллӣ, забони миллӣ, таъриху адабиёти миллӣ барин унсурҳои тақвиятдиҳандаи маънавиёти миллӣ маҳсуб мешавад.

Дар хотима зикр кардан бамаврид хоҳад буд, ки тамоми афкори илмию фалсафӣ ва тарбиявии тамоми мутафаккирон ва зиёиён танҳо ба як масъалаи воқеан ҷиддию сарнавиштсоз - ҳифзу ҳимояти дастовардҳои истиқлолият ва таъмини амнияти кишвар нигаронида шудаанд.

Атоева К., Сайдуллоева М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ