Рӯзнома - таблиғгари маърифат ва маънавият
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гўши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ арзёбӣ кардаанд.
Рушди техникаву технология аз Ҷопон маншаъ мегирад. Ин дар ҳоле, ки дар ин кишвари пешрафта рӯзнома мавқеву мақоми хосеро соҳиб аст. Ба ҳисоби миёна дар Ҷопон 55 миллион адад рўзнома ба табъ мерасад, ки ин сари ҳар 1000 нафар аҳолӣ 600 нусхагӣ газета рост меояд.
Вале инҷо масъалае низ ҷой дорад, ки ислоҳи он метавонад боиси серхонанда гардидани нашрияҳо гардад. Мо хуб медонем, ки дар Тоҷикистон аксарияти нашрияҳо ҳафтаворанд – ҳафтае як маротиба ба чоп мерасанд. Аз ин сабаб аксар вақт аҳамияти хабару гузоришҳо кам гардида, хонандаро аз худ дур месозад. Дар чунин сурат матбуоти имрўза бояд шеваи кори худро тағйир диҳад, ки ин бозтобу пайгирии мавзуъ, рўйдоду воқеаҳо мебошад. Агар хонанда доири воқеаву ҳодисаҳо ба таври оҷил тариқи сомонаҳои интернетӣ хабардор мешавад, пас, бо ҷузъият ва бозтоби мавзуъ аз саҳифаи нашрия метавонад шинос шавад. Ҳамин хусусият дар расонаҳои электронӣ ба назар намерасад. Аз таҳлили амиқу васеи матбуот хонанда имкон пайдо мекунад, ки мавзуъро натиҷагирӣ карда, хулосаи дуруст барорад.
Хушбахтона, имконияту тавон ва таҷрибае, ки дар баррасии мавзуъҳои муҳим матбуот дорад, дар дигар воситаҳои ахбор хеле кам ба назар мерасанд. Хусусан, матбуоти тоҷик дар баррасии мавзуъҳои доғ ва ҳалталаби ҷомеа аз афзалияти хос бархўрдор буда, ба ин васила, дар ҳаллу фасли бисёр мушкиливу муаммоҳои мардум кўмакрасон аст. Гузашта аз ин ва муҳимтар аз ҳама, рўзнома тарбиятгари маърифат, маънавиёт мебошад.
Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети Забонҳои шарқ