Рӯзи омӯзгор Муборак!

Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Усмонзода Аюб Ислом ба муносибати "Рӯзи омӯзгор"

Устодони муҳтарам,

Омӯзгорони арҷманд!

Шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола моҳи октябр таҷлил мегардад табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, саодатмандӣ ва хушиҳои ҷаҳонро орзумандам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба нақш ва мақоми омӯзгор дар тарбия ва ба камол расонидани насли ободкору бунёдгар дар ҷомеа изҳори назар намуда, таъкид доштаанд:“Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.

Ин аст, ки барои болоравии вазъи илму маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон дар ҷомеа давлат ва ҳукумати кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақдири хидматҳои омўзгорони пешқадам бо ҷоизаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давоми 16 сол аст тақдим мегардад, далели равшани ин гуфтаҳост.

Дар ин раванд Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими тарбиявии омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордондар кишвар эътироф шуда, барои тайёр кардани мутахассисон бо назардоршти талаботи бозори муосирнақши сазовор гузошта меояд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар донишгоҳ 876 нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият мебаранд, ки аз шумора 54 нафар доктори илм, профессор, 403 нафар номзади илм, 208 нафар сармуаллим ва 211 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 52,1%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омўзгор дар Паёмашон таъкид доштанд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ўст».

Аз ин рў, хидматҳои илмиву фарҳангии устодони донишгоҳ аз ҷониби давлату ҳукумат ҳамеша қадршиносӣ гардида, даҳсолаи охир то имрўз 16 нафар устодони донишгоҳ ба гирифтани унвони Корманди шоиста, 4 нафар ордени Шараф, 5 нафар Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар Медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, 2 нафар ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар донори ифтихории Тоҷикистон, 53 нафар барандаи ҷоизаи вилоятии Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, 210 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 170 Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва 236 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин аз тақдири заҳматҳои устодони донишгоҳ дарак медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон, хоса талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҳар яки мо, омӯзгоронро водор месозад, ки ҳамеша баҳри ҳифзи Истиқлоли милливу давлатӣ, якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣталош намуда бошем ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии Хукумати кишвар нерӯи зеҳнии худро равона созем ва, ба ин васила, баҳри тараққиёти соҳаҳои халқи кишвар нақши созгор гузошта бошем.

Мо дар назди миллату давлат вазифадорем, ки бо фаъолияти пурбори омӯзгорӣ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, фарогирии васеи донишҳои замонавӣ, ахлоқи ҳамида ва накӯ ва муносибати арзанда ба арзишҳои муқаддас раҳнамун созем. Ин моро ба мақсаду маром ва идеалҳои олии миллӣ мерасонад.

Дар ин рӯзи фархундаву ҳумоюн Шумо –устодони арҷманд ва чароғафрўзони фардои ҷомеаро бо Рӯзи муаллимон, шодбош гуфта,бароятон тавфиқи ҳамешагӣ, офият ва саломатии бардавомро хоҳонам!

Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ