​Рӯзи китоб: Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти ин унвон чорабинӣ баргузор шуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби кафедраи технология ва методикаи таълими он ба муносибати Рӯзи китоб, ки ҳамасола дар таърихи 5-уми сентябр таҷлил мегардад, роҳандозӣ шуд.

Дар доираи иқдоми мазкур дар бораи аҳаммияти мутолиа ва нақши китоб дар таҳкими маърифат маърӯзаҳо шунида шуда, шеъру рубоӣ қироат гардид.

Таъкид гардид, ки китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарини инсон аст.

Гуфта шуд, ки китоб аниси кунҷи танҳоӣ буда, кафили таъмини рушд ва пешравиҳост.

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба нақши китоб табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ