РУШДИ КАСБИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР СОҲАИ IT
Бо мақсади таҳкими робитаи наслҳо, мубодилаи таҷрибаи касбӣ ва омодасозии донишҷӯён ба талаботи муосири бозори меҳнат дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар факултети математика таҳти унвони «IT Meet-Up» вохӯрии судманди донишҷӯён бо хатмкардагони солҳои қаблӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ хатмкардагоне, ки имрӯз дар ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҳамчун барномасозони муваффақ фаъолият доранд, таҷрибаи шахсии худро оид ба қадамҳои нахустин дар соҳаи барномасозӣ ва рушди минбаъдаи касбӣ баён намуданд. Гуфта шуд, ки барои мутахассисони оянда дар баробари донишҳои назариявӣ, рушди малакаҳои амалӣ, омӯзиши пайвастаи технологияҳои нав, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои воқеӣ, аз ҷумла Open Source – барои дарёфти ҷойи кори муносиб ва рақобатпазир дар бозори меҳнат бисёр аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, донишҷӯён доир ба самтҳои ояндадори соҳа, аз қабили зеҳни сунъӣ (AI), таҳияи веб-барномаҳо (Web Development) ва барномаҳои мобилӣ (Mobile Apps) маълумоти муфассал гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи мутахассисони оянда заминаи мусоид фарҳам меоварад.
Маркази иттилоот ва таҳлил