Раҳоӣ аз сармо!
Бо мушоҳида мерасад, ки дар фасли сармои қаҳратун, ки фарогири манотиқи васеъ гаштааст ҳар фарду гурӯҳҳо усулҳои нав ба нави раҳоӣ аз сармозаниро ҷустуҷӯй доранд, ки муваффақу зафарёбиашон вобаста ба амалу қисматашон аст. Тӯдаи қаллобони наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирии муртади маккор усулеро дарёфт кардаанд, ки муҳтавояш пасипарданишинии иғвоангезон ва шӯру ғавғосозии иҷрочиёни алоҳида дар кӯчаҳои Аврупо бо маблағгузории дасисабозони аҷнабӣ мебошад. Истифодаи фаъоли усули номбурдаро дар ошӯби тӯдаи ифротзадагони бемағз ҷиҳати даъвогарӣ аз номаълум будани тақдири яке аз бадандешон Абдуллои Шамсиддин метавон дид.
Ҳайратовар аст, ки тӯдаи кӯчак, ҳатто занону кӯдакони худ дар кӯчаҳои сармозада баровардаанду даъвоҳои бетамизона доранд. Ҳатто, худи онҳо дар асли воқеа огоҳӣ надоранду чун тӯтии сармозада пуштибонии худро аз Абдулло изҳор мекунанд. Ягон ҳарфу амали наве несту худро тазоҳуротчиён номгузорӣ кардаанд. Аслан, ин амали нохуб ҳангоси ғартабиатонро меноманд, ки ваҷоҳату ҷаҳолати падари Абдулло – Шамсиддин Саидов исботи он аст. Баъдан, маҷолиси ҷину аҷинаҳо (шабаш ведьм) –ро шабеҳ аст, ҳар як хурофотзада бо сабки худ овоз мебарораду мерақсад.
Кучоанд кормандони полис, ки кӯчаро аз ин ноҷинсон тоза кунанд?Зеро, демократия чизе нест, ки ҳар беақлу тамиз амале кунад, ки дигарон нороҳат гарданд. Алалхусус, мардуми Олмон бояд хуб огоҳ бошанд, ки ин тӯдаи кӯрнамакон дастархони ватани аҷдодиро пас намедоранд, пас чунин бешарафон чӣ тавр пуштибони мизбонии аврупоиён бошанд? Баъдан, ин ошӯбиёнро чӣ иҷозате барои чунин ҷамъомад бошад ё қонуншикании рӯирост ҷиноят содир шудааст? Зеро, сокинони маҳал аз ин тӯдаю амалҳои он ҳарзаҷӯй бо баландгӯяк нороҳат гаштаанд!
Худи ин нобакорон иқрор шуда истодаанд, ки таҳрифи маълумот барояшон амали оддии одатӣ мебошаду ибою истиҳола надорад! Пас месазад, ки ба ҷавобгарӣ кашида шаванду ҷазои ислоҳӣ гиранд! Вале, чунин нест, ки кормандони пулиси маҳал бесабаб бетараф бошанд?! Хоҷагони пасипарданишин чӣ чораи пулисчиён ёфтаанду ошӯбиёни сармозада нақшаи тарроҳ иҷро ва соҳиби маблағ мешаванд?!
Дар асл мебояд мақомоти расмии Ҷумҳурии Федералии Олмон баргузории чунин амали ифротзадагон пешгирӣ мекарданд. Зеро, мувофиқи таомулу одоби инсонӣ меҳмони нохонда вазифадор аст тартиби мизбонро риоя кунад. Лекин, наҳзатиёни нобаккор аз фарҳангу маънавиёт дуранду одоб аз куҷо медонанд!?
Давлатдорони Олмонро даъват менамоям, ки сабру таҳаммул ба сӯе гузоранду ҳамаи ин ноҷинсони худозадаро боздошт ва ба ватани аҷдодиашон истирдод ё депортатсия кунанд!
Бубинем ку, ин парандаҳо дар фазои осудаю ороми ҷомеаи солимандешу соҳибдили кишвари маҳбубамон чӣ сон мехонанду месароянд?
Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”