ПРОФЕССОР ЗАМИРА ҒАФФОРӢ БО «ҶОИЗАИ ҶАҲОНӢ БАРОИ БОНУВОНИ ДОНИШМАНД» САРФАРОЗ ГАРДИД
Доктори илмҳои филологӣ, профессори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Замира Ғаффорӣ дар Шашумин урси байналмилалии Бедили Деҳлавӣ, ки аз 11 то 13 январи соли 2026 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор гардид, ширкат намуд.
Дар идомаи ин сафар, санаи 14 январи соли 2026, профессор Замира Ғаффорӣ бо «Ҷоизаи ҷаҳонӣ барои бонувони донишманд» қадрдонӣ карда шуд. Ин ҷоиза аз ҷониби «Конуни нашри фарҳанги исломии Кошон»-и Ҷумҳурии исломии Эрон барои бонувони баргузида ва таъсиргузор дар соҳаҳои адабиёт, фарҳанг ва ҳунар дар ҷаҳони ислом таъсис ёфтааст.
Ҷоизаи мазкур ба ӯ барои таҳқиқоти чандинсолаи густардааш дар самти таҳқиқи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, хоссатан адабиёти форсизабони Ҳинд супорида шуд. Аз ҷумла, китобҳои илмии ӯ «Ҷониби Ҳиндустон ояд ҳаме», «Таърихи адабиёти форсӣ дар Кашмир дар қарнҳои 16–17», «Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии «Меҳр ва Моҳ»-и ӯ», «Каламот-уш-шуаро», «Сафинаи Хушгӯ ҳамчун сарчашмаи нақду сухансанҷӣ», ҳамчунин вежаномаи ба фаъолияти илмии ӯ бахшидаи маҷаллаи «Қанди порсӣ», ки ба хатти форсӣ дар сарзамини Ҳинд ба табъ расидаанд, баҳои баланд гирифтанд.
Маросими супоридани ҷоиза бо ҳузури гурӯҳе аз аҳли фазлу адаби шаҳри Кошон баргузор гардид.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Замира Ғаффориро бо ин дастоварди бонуфузи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба эшон тандурустии комил, илҳоми тоза ва комёбиҳои боз ҳам бузурги илмиро таманно менамояд.
Маркази иттилоот ва таҳлил