​Профессор Мансур Бобохонов – муаррихи номвар ва устоди соҳибмактаб

Ин унвони конфронси илмӣ – амалӣ буд, ки ба муносибати 90 - солагии ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, докторҳои илмҳои таърих, профессор Бобохонов Мансур дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯён доир гардид.

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни суханронӣ аз нақшу саҳми профессор Бобохонов таъкид намуда, перомуни хидматҳои мондагори мавсуф ҷиҳати рушди соҳаи таърих хотиррасон шуд.

Ректори донишгоҳ аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 50-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар мавриди саҳму хидмати профессор Бобохонов зикр шудааст, хотиррасон намуд:

  • ... Ҳақ надорем ба Пӯлод Бобоҷонов, Фозил Тоҳиров, Талбак Назаров, Исмоил Давлатов, Соҳиб Табаров, Очилбой Усмонов, Мансур Бобохонов, ... ва дигарон, ки солҳои муайян донишгоҳ ва сохторҳои мухталифи онро сарварӣ намуда, дар тарбияи мутахассисон, кормандони илмӣ, тавсеа ва таҳкими заминаи таълимӣ, илмӣ ва моддии донишгоҳ саҳми калон гузоштанд, арзи сипос нанамоем. Дар донишгоҳ олимон буданд ва ҳастанд, ки мактабҳои хоси илмии худро доштанд ва доранд. Натиҷаи пажӯҳишҳои илмӣ ва асару рисолаҳои олимони донишгоҳ натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам маълуманд ва аз ҷониби аҳли илм эътироф гаштаанд.

Роҳбари донишгоҳ зиндагии шодравон Бобохоновро намунаи ибрат унвон намуда, барои ҷавонон намоди наҷиби пайравӣ маънидод намуд.

Таҳти унвони “Профессор Мансур Бобохонов – устод, олим ва инсони нексиришт” Набиев Ваҳҳоб, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки соли 1974 Мансур Бобохонов рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Заминаҳои ташаккули иттиҳоди инқилобии заҳматкашони кишвари Туркистон бо пролетариати Русия дар арафаи инқилоби Октябр” ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори илмҳои таърих ва соли 1976 соҳиби унвони профессорӣ гардидааст.

Дар идома Шарифов Абдуҳаким, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика бо номи “Тақдирҷунбони инсонҳо” ва таҳти унвони “Мо барои васл кардан омадем” Шарипов Шавкат, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология маърӯза намуданд.

Ҳамзамон, ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони профессор Бобохонов таассуроту хотироти хешро дар мавриди шинохти шахсияту ҳайсияти шодравон баён намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки профессор Мансур Бобохонов яке аз муаррихони номвари тоҷик буда, муаллифи қариб 400 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 китоби дарсӣ, 10 брошюра ва мақолаҳои сершумор оид ба таърихи наву навтарини халқи тоҷик мебошад. Маҳз ба ташаббуси ӯ дар макотиби олӣ бори нахуст таълими фанни нави “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” ҷорӣ шуда, мавсуф муаллифи китоби дарсӣ оид ба фанни мазкур мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ