ПОСДОШТИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
Пешвои Миллат ҳаққи созандагони Тоҷикистонро ба ҷо гузоштанд!
Таъсиси кишваре бо номи Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри ХХ – аввал дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва, сипас, чун ҷумҳурии мустақили қаламрави шуравӣ маҳсули заҳмати намояндагони ҷонфидои миллати тоҷик ва як зумра арбобони барҷастаи сиёсату иҷтимоиёт – аз ҷумла, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва дигарон мебошад, ки ин падида ба тадриҷ моро соҳиби кишвари осудаву обод ва босубот гардонид. Дар он давраи ҳассосу пурошӯби таърих устод Садриддин Айнӣ ва ҳамфикрони ӯ, аз ҷумла Нисор Муҳаммад, Аббос Алиев ва дигарон низ бо хидматҳо ва таълифоти худ исбот карданд, ки тоҷикон соҳиби таърих, тамаддун ва адабиёти ғанӣ ҳастанд.
Аммо иғвову дасисаи нотавонбинон дар даврони шахспарастии солҳои 30-юми садаи ХХ боис гардид, ки аксари ин фидоиён ва ватандӯстони воқеӣ бо гуноҳони сохтаву бофта чун миллатгаро гирифтори таъқиб, сипас ба ҳабс гирифта ва ба таври фоҷиавӣ нобуд шуданд.
«Гуноҳ»-и онҳо танҳо ҳимояи манфиати тоҷикон ва баргардонидани ҳақ ба онон буд. Дар баробари роҳбарони сиёсӣ дар он солҳои мудҳиш ҳазорҳо равшанфикрон, адибону донишмандони тоҷик ва дигар миллатҳои қаламрави шуравӣ таъқиб, бадарға ва зиндонӣ шуданд ё ба марг расидаанд.
Хушбахтона, бегуноҳии бисёре аз ҷабрдидагони таъқиботи сталинӣ соли 1956 бо қарори Суди Олии Иттифоқи Шуравӣ исбот шуд, аммо дигар имкон набуд, ки ин ҳукм қурбоншудагонро ба ҳаёт баргардонад. Бо вуҷуди ин, ин ҳукми суд ба фарзандону аҳли оилаи онҳо имкон фароҳам овард, ки бидуни тамғаи сохтаи зараровари «фарзанди душмани халқ», «оилаи душмани халқ» умр ба сар баранд.
Эҳтироми хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих ва арҷгузорӣ ба корномаҳои бузургони миллат боис гардид, ки чун як нишонаи хоса ба хидматҳои мондагор ба Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон диҳанд. Ба ин муносибат дар кишвари мо даҳҳо муассиса, кӯчаву хиёбонҳо ба номи онҳо гузошта шудаанд.
Ба идомаи ин 19-уми майи соли 2026-ро дар таърихи навини Тоҷикистон рӯзи фаромӯшнопазир метавон донист: мардуми Тоҷикистон шоҳиди зиндаи баргардонидани мушти хоки чанд фидоии миллат, муассисони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Нисор Муҳаммад шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як эҳтироми беандоза ва самимияти беназир ба фурудгоҳи Душанбе – ба пазироии мушти хоки инҳо баромада ва ба ҳар кадоми онҳо сари таъзим фуруд овардаанд. Сипас, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ҷанозаи рамзии онҳо сурат гирифта ва ҳам хокмушти онон ба қабристони Лучоб гузошта шуданд.
Аз ин маросим чанд нуктаи меҳварӣ ва миллатсозона қобили бардошт ва зикр аст.
Аввал, ин амали Пешвои миллат ёдкард ва ба ҷо овардани эҳтироми шоистаи бузургони миллати тоҷик аст, ки ҷони азизашонро барои сохтани Тоҷикистон дареғ надошта ва маҳз ба ҳамин хотир нобуд шудаанд. Табиист, ки барои бозгардони мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аз қабристони Москва гуфтушунидҳои дипломатӣ сурат гирифта ва ҷониби Тоҷикистон комгор шуд, ки ин амри хайру савоб зудтар амалӣ гардад. Бо дастуру роҳнамоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон порахоки ин азизон бо баргузории маросими бошукуҳ ба Ватан баргардонида шуд.
Дувум. Ин амалкард арҷгузории махсуси Сарвари давлат ба ҷойгоҳи поягузорони Тоҷикистони навин Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур – роҳбарони мақомҳои аввали Тоҷикистон буд, ки маҳз бо талошу заҳмати онҳо ҷумҳурии мухтор, баъдан Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалисии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба рушду инкишофи бемонанд расид. Ин на танҳо эҳтироми шахсиятҳои алоҳида, балки эҳтиром ба таърихи миллат, арҷгузории бемисл ба хидмати таърихии бузургмардон аст.
Севум. Ин амал нишонаи хосаи ибрат ба ҷавонон аст. Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланд хидматҳои бузургони миллатро ёдовар мешаванд. Баргардонидани мушти хоки се ба Тоҷикистон, пешвози Пешвои миллат аз онон ва сари таъзим ба мушти хоки онҳо намунаи олии ибрат ба ҷавонон аст. Мардум, ба хусус ҷавонон аз шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ он наворҳоро дида ва эҳтироми Сарвари давлатро ба гузаштагон эҳсос карданд. Гоҳо як амал аз даҳҳо мақолаву китоб таъсиргузортар ба назар мерасад ва чунин муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ифтихору худшиносии миллии ҷавононро чандин маротиба афзуд.
Чаҳорум. Дар кишвари мо марҳалаи нави дарки муносибат ба ҳақиқати таърих оғоз шуд ва хокҷой ё оромгоҳи сарсупурдагони миллат Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемуру Нисор Муҳаммад созмон ёфт. Пешвои муаззам бо овардани мушти хоки ин мардони фидоӣ бори дигар дар зеҳни наслҳои миллат тобиши наве барои фаҳмиши амиқро фароҳам карда ва ба амиқрафти ҳақиқати таърих боис гардиданд. Қабри ин бузургон ба зиёратгоҳ табдил дода шуда, наслҳои минбаъда ба онҳо бештар арҷгузорӣ хоҳанд кард.
Баргардонидани мушти хоки намояндагони барҷастаи интеллигентсияи сиёсӣ ва зиёиёни ҳамиятманди давраи аввали қоматафрозии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммадро аҳли ҷомеаи кишвар ҳамчун нишонаи эҳтироми беандоза ба гузаштагони пуршараф пазируфтанд. Дар шабакаҳои ахбори телевизион, радио, матбуот, сомонаҳо суханронӣ ва гузоришҳои аҳли зиё мунташир гаштанд, ки дар онҳо ба ин иқдом баҳои баланд дода шуданд.
Аз ҷумла суханронии ҷавонон ҳам бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ғурури хосаи хештаншиносӣ падид омадад.
Аз байни онҳое, ки хокашон – чун нишоне аз ҷисмашон ба кишвари мо оварда шудаанд, Нисор Муҳаммад Юсуфзай (Юсуфзода) шахсияти бисёр рӯшану равишманд дар Тоҷикистон буда, ӯ ба сифати нахустин комиссари маорифи халқи Тоҷикистон ва, ба таъбири имрӯза, нахустин вазири маорифи кишвар корҳое бунёдгарона ва мондагор дар роҳи ҷалби ҷавонон ба таҳсилу омӯзиш анҷом додааст. Маҳз ин иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он мегардад, ки ҷомеаи тоҷик ва, махсусан ҷавонон, бо корнома ва саҳифаҳои норавшани зиндагиву кори ин марди илмдӯсту донишманд ошно гарданд.
Овардани порае аз хоки ин бузургон ба Ватан дар ҷомеаҳои меҳнатӣ хуш истиқбол ёфта ва дар ин замина маҷлису ҳамоишҳо доир шуданд. Аз ҷумла, ҳайати омӯзгорону профессорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» низ аз тарғибу ташвиқи корномаҳои бузургони миллат ва муаррифии онҳо дар канор намонда ва дар толори донишгоҳ молоқоти устодону донишҷӯён бо сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ва эҳёи адолати таърихӣ» баргузор гашт, ки хидматҳои арзандаи Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро дар таърих рӯшан намуд.
Ҳамзамон ду ҳуҷҷати муҳимми тақдимкардаи Абдуллои Раҳнамо ба осорхонаи донишгоҳ – яке фармони мақоми забони тоҷикӣ бо имзои Махсум аст ва дигаре дастхати мактуби Шотемур дар бораи тоҷик будани мардуми Хуҷанд ва Ӯротеппа арзиши баланд доштанд.
Ин ҳуҷҷатҳо дар осорхонаи донишгоҳ ҳамчун санади нодир нигаҳдорӣ шуда ва барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии аҳли донишгоҳ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамзамон дар факултетҳои донишгоҳ низ мизгирду ҳамоишҳои илмӣ аз боби аҳаммияти иқдоми овардани мушти хоки қаҳрамонон ба Ватан баргузор гардиданд.
Баргардонидани мушти хоки бузургони миллат ба Ватан дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки соли вусъати корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллист, рамзӣ ва раҳнамогар аст. Мардум ба худшиносӣ, дарки таърихи миллат ва арҷгузорӣ ба хидматҳои ниёгони фозил раҳнамо мешаванд.
Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин,
номзади илмҳои таърих, дотсент, ректори
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»