Пойдории ҷомеа аз волоияти қонун!
Низоми давлатдорӣ таҳия вақабули маҷмӯи қонунҳову меъёрҳои рафтору кирдорҳоро тақозо менамояд, ки баҳри таъмини суботи ҷомеа равона гардида ҳар як фарди алоҳидаро барои иҷрои меъёрҳои муқарраргардида водор менамояд ва вазифаю ӯҳдадориҳои муайянеро масъул месозад. Вале, ҳама давру замони рушди ҷомеаи башарӣ, ҳатто дар давраи ҳукмронии шоҳ Ҷамшед, ки адолату фаровонӣ барқарор буд, нафароне буданд, ки бо ҷурми дуздиву авбошӣ ва дигар амалҳои ношоиста айбдор дониста мешуданду додгоҳҳои масъул онҳоро ҷазо дода ҷомеаро ором месохтанд. Мутаассифона, то ҳол дар ҳаёти муосири ҷомеа чунин тоифаи авбошон, ки қонунҳои давлатиро эҳтирому риоя намекунанд, вохӯрдан мумкин аст, ки мебояд саривақт онҳоро дарёфт ва ҷазои муносиб дод.
Воқеаҳои охири моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Хоруғ вуқӯгашта шаҳодати мавҷудияти гурӯҳҳои хурди таҷовузкор дар инминтақа мебошад, ки риояю эҳтироми қонунро намепазиранд. Мардуми сарбаланди Кӯҳистони Бадахшон, ки бо иқлими хоса фарқ менамояд, дар шароити табиие ба воя расидаанд, ки аҳлию рафоқатро меъёри асосӣ донистааст. Зеро, дар шароити кӯҳистон дастгирии якдигар зиндагиро осону файзбор месозад. Бинобар ин, иқлими хосаю обу ҳавои тозаи кӯҳсор дар Бадахшон боиси ташаккули зумраи олимону донишмандони бузург –аз Носири Хусрав то академикҳо Юсуфбековҳову Илоловҳо ва даҳҳо дигарон шудааст. Вале, дар ин ҷомеаи солими Бадахшон баъзе нафарони саргумзада низ мавҷуданд, ки мисли Зиёбеков Гулбиддин, Мамадбоқиров М., Шанбиев М ва дигарон ба мақомоти давлатӣ зиддияти мусаллаҳона намудаанд. Ғайр аз, муқовимат бар зидди мақомоти давлатӣ, ин авбошони бетамиз гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил кардаву ҳамлаи ноҷавонмардона ба намояндагони расмии ҳокимияти давлатӣ (сангборони Мирзонаботову Гиёзода) ва ҳатто кӯшиши ҳамла ба Отряди сарҳадоти Хоруғ кардаанд, ки нишонаи ваҳшонияту ҷаҳолати онҳост. Агар инсони солим мебуданд, наход мардуми орому сарҷамъро ба тазоҳуроту вайронкорӣ даъват кунанд? Бо тӯдаи майзадагону нашъаманд, чиро мехостанд исбот намоянд? Бо такаббуру зӯроварӣ минбаъд низ хоҳони гурехтан аз ҷазои ҳақро доранд?
Бетамизиву авбошии тӯдаи пастфитратони бадахшонӣ ҳодисаи сатҳи маҳаллӣ асту хушбахтона ҳаллу фасли худро ёфта истодааст. Итминон аст, ки адолат пойдору суботи сиёсӣ устувор мегардад ва айбдорон ҷазои муносиб мебошанд! Вале, муғризони ташкилоти террористию экстремистии “ҳизби наҳзати Ислом”, “Паймони миллӣ”, “Гурӯҳи 24” ва тоифаҳои дигари ватангадо аз дуру берун истода мардуми кишварро ба тазоҳурот даъват намуда хостанд, ки вазъи баамаломадаро ба манфиати худ истифода баранд. Ҳайрон мешавед, ки ин тӯдаи муғризони аз авбошони кӯчагӣ муқовимат ба мақоми давлатиро дархост карда чӣ умед доштанд? Наход нафаҳманд, ки мардуми кишвар, аз он ҷумла Бадахшон сулҳу оромӣ, суботи ҷомеаро мепазиранд. Он тӯдаи солҳои 90-уми асри қаблӣ нестанд, ки ба доми макри фиреби муғризонаатон афтанд! Даъват ба ошӯбу балво аз номардӣ гувоҳӣ медиҳад! Зеро, танҳо беақл дар талоши зиндагӣ такя ба нерӯи бозу мекунаду нафари соҳибфитрат бо зеҳну дониш ҷомеаро бадурнамои сафобахш ҳидоят мекунад.
Вазъи оромгаштаи Бадахшон, осудагии кишвари маҳбубамон нишонаи хок хӯрдани тирҳои кундпайи наҳзатиён аст, ки аллакай ҳукми одат пайдо кардаасту далолати бешармии онҳост. Пуштибонӣ аз авбошону даъват ба тазоҳурот ишора ба нопокию палидӣ, сиёҳботинию муғризии маккорони наҳзатӣ аст, ки бори дигар исботи худро ёфт. Фақат авбошу муттаҳам аз авбошу муттаҳамони дигар пуштибонӣ мекунанду нооромиро тақвият медиҳад. Солимақлон бошанд, ҳамеша ҳамагонро даъват ба оромиву субот ва таҳаммул мекунанд. Зеро, низоъандозӣ бадтарин амалест, ки хоси Иблиси малъун асту ҳамнишинонаш наҳзатиёни чоплус мебошанд.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”