Пирўзи аз иттифоқ хезад...
Аз гузашти Мухиддин Кабирӣ ҳарфи зиёде намегӯям, зеро саргузашташ сар дораду анҷом надорад. Имрӯзҳо мардуми тоҷик аз симои аслии Мухиддин Кабири хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Мухиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ Хизби назхати ислом айни замон ТЭТ ХНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат кардааст. Мухиддин Кабирӣ миёни як ҳизби сиесии собиқадорро дар гузашта бишкаст, даҳҳо нафар кушта ва зиндони шуданд, садҳо нафар хонахез рӯ ба муҳочират оварданд.... ва якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷахонӣ паст карда истодааст.
Чанде пеш дар шабакаи иҷтимои дар сӯҳбат бо Радиои озодӣ Муҳиддин Кабирӣ иброз доштааст: “Мо пешниҳодҳои худро дар шакли барномаи Паймони миллии Тоҷикистон дар ҳадди бештар аз 70 саҳифа нашр кардем. Дар он гуфта шудааст, ки ин ҳокимият аз қудрат биравад, ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад. Муҳоҷирин ба кишвар баргарданд....” бо суханҳои дурӯғи худ, ки гӯё ҳамаи он ба мафиати мардум ва миллати тоҷик бошад, иборози ақидаву пешниҳод намудааст, аммо миллати тоҷик хуб медонад, ки ӯ бо нияти миллати точикро пароканда ва ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват намудан дар назди башар ба хотири шарманда намудан ва худашро сафед кардан амал мекунад.
Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри Ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд. Аммо бехабар аз он ки дигар мардумро гӯл дода наметавонанд. Ё шояд ҳам инро дуруст дарк намудаанд, ки нақшофарӣ дар нақши ватандӯст аз ҷониби хоин чи гуна пазируфта мешавад. Аммо то фукашон дар равған расидану гулӯ тар кардан маҷбуранд, ки нақшро давом диҳанд. Ба шакли дигар хоинон ба масал чун хоҷаву саг ҳастанд. Ҳар ҷо ки хоҷа нон афканд ҳамон ҷониб медаванд.
Бовари дорам, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд. Зеро, Тоҷикистони азизамонро ҳеҷгох ва хеҷ кас аз он ҷумла ба монанди чунин гурўҳои ифротӣ, ободу осуда ва пешрафти онро таъмин намекунанд. Ин аҷнабипарасту хоҷапарасту ватанфурӯшон танҳо максадҳои шахсӣ ва манфиатҳои хаҷагонашонро пеша доранд.
Инсони бадхоҳ, душманони бадкирдор ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасидааст ва намерасад.
Халқи тоҷик шахсиятҳои бузургро тарбия намуда, шахсияти бузургро соҳиб аст, то имрўз давлатдории хешро бо роҳи созишу якдигарфаҳми мартабаашро нигоҳ доштааст. Ба қавли Мавлонои Румӣ:
Аблаҳе аз тори бом биафтад,
Гардани мо бишканад.
Мо тарафдори онем, ки мудом дар ҷомеаи имрўза парчами сулҳу вафо парафшон ва сарҷамъии мардуми босаодат асрҳо низ пойдор бимонад. Ба қавли Мавлонои Балх:
Пирўзи аз иттифоқ хезад,
Парокандаги аз нафар хезад.
Малика Томирис