ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАДИДАШИНОСИИ ЗАБОНИ МИЛЛАТ
Ҷусторҳо дар заминаи решаву оғози падидаи таърихофарӣ ва бозгӯйи саҳифаҳои рушду нумуи миллӣ аз ҷониби мақомдорони аввали кишварҳо моро ба андеша сари як силсила нуктаҳои муҳиму мубрами таърих ва замон қарор медиҳад. Дар ин раҳгузар диққати хоса ба кӯшишҳои чеҳраҳои аввали раҳбарӣ ва мақоми аввали раҳбарии сиёсии миллату кишварҳо масъалаҳои хеле муҳимро ошкор месозад. Заминаҳои руҷуи илмиву иҷтимоӣ ба таърихи миллат аз ҷониби раҳбарони сиёсӣ, оғози падидаи таваҷҷуҳи «зиёиёни сиёсӣ» ба офаридани таърихи давраи қадим ва ҷадиди миллати тоҷик ва масъалаҳои муҳимми марбут ба забони тоҷикӣ барои дарки ҳастии мо хидмат мекунанд.
Инро ҳам бояд зикр кард, ки ду санади муҳимми таърихи навини мо – Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми июли соли 1989) ва Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5-уми октябри соли 2009) шаҳодатномаи воқеии шукӯҳу шаҳомат, боландагиву сарфарозии забон дар охири садаи ХХ ва даҳсолаҳои аввали садаи ХХ1 аст. Ин пайваста водор мекунад, ки ба қадри ширинии «қанди форсӣ», «гавҳари беҳисоб»-и тоҷикӣ, «лафзи шеъру дилбарӣ» расем, ба «панд»-и волои дарӣ арҷ гузорем. Ин каломест ноб, «бекаронбаҳр», парварда бо «шири модар», омехта бо «меҳри модар», забонест беташбеҳ («Баҳри ман ташбеҳи дигар нест»), лаҳнест дӯстдоштанӣ чун шӯхии дилбар, «навозишҳои гарми модар» (М. Қаноат). Вазифаи асосии насли миллат, устодону коршиносони забони давлатӣ аст, ки дар татбиқи дастурҳо омӯзиши ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд, мақому манзалати хосаи забони тоҷикиро пайваста нигаҳбонӣ намоянд.
Соҳибони забон барҳақ ба иҷрои ду вазифаи ҳаётан муҳим водоранд: Яке, омӯзиши забони адабӣ бо ҳадафи раҳоӣ аз иллатҳои маданӣ ва расидан ба пояҳои баланди илму маърифат; Дигаре, садоқату муҳаббати бениҳоят ба забони ноби модар, кӯшиши муваффақ ва пайгирона дар ҳифзу нигаҳдошти тозагиву тароват ва покиву беолоишии он барои наслҳои оянда чун мероси азими фарҳангиву сарвати ноёби миллӣ. Перомуни забони тоҷикии форсӣ, таърих, ташаккул, таҳаввул ва роҳи пуртазоди он ҳамеша суҳбат доманаи густарда пайдо мекунад. Ба миллати мо забон нахустунсури ҳастӣ ё худ ҳуҷҷати бунёди он аст. Ба ин сабаб аксари ҳуҷумҳои маънавиву идеологӣ сари забони мо сурат гирифтаанд. Забони тоҷикии форсӣ, ки ҳазору дусад сол боз қариб, ки бе истифодаи луғат онро мефаҳмему истифода мебарем, аз забонҳои доротарину бостонии дунёст.
Пас, албатта сари он ҳуҷумҳо шудааст. Ростӣ барои пажуҳишгарону равшанфикрони хориҷӣ шигифтовар аст, ки чӣ гуна забони мо пас аз ҳамлаи юнониён, арабҳо, муғулҳову салтанати пурҷабри манғитиён дар сад соли охир ҷон ба саломат бурда, ҳамеша забони гуфтугӯ ва навиштории давлатҳои гуногун аз Варорӯд то Қораи Ҳинд будааст. Ҳамлаи душманон, асосан, ба сари фарҳанг бошад ҳам, пас баҳси беш аз якасраи номи забон: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ ҳам ин ҳадафро пайгир аст. Онҳо оғози нобудии моро, пеш аз ҳама, дар забон дидаанд; душман ҳам беандеша нест, медонад, ки ба решаҳои забони тамаддунофарин теша зада шавад, кохи баланди фарҳанг ва миллат аз по меафтанд. Ҳамин баҳси номи забон буд, ки М. Қаноат навишт: «Порсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, Ҳар чӣ мегӯйӣ бигӯ… Баҳри ман танҳо забони модарист!».
Дар бисёр асарҳои донишмандон бунёни забони тоҷикии порсӣ бо далел ва санадҳои муътамад собит шудааст. Вале дар чанд соли охир ин гуна баҳс боз ҳам гармтар шуд. Фарқи ин мубоҳисаҳо аз баҳсҳои пешин дар он аст, ки аксари онҳо дар шабакаҳои интернетӣ сурат гирифта, тундравиву ифрот ҳам дар он мушоҳида мешавад. Ба собиқаву ҳофизаи баҳс, мақолаҳо дар сари ин масъала ва корномаи фардҳои дар ин ҷода сарбохта таваҷҷуҳ намешавад. Ташвиш дар он аст, ки бештари аҳли баҳс мутахассис ё пажуҳанда нестанд. Забоне, ки шунавандаву гӯяндагонаш байни ҳам бе луғат ҳарф мезананд, як забон аст. Ин содатарин далели ягонагии забони тоҷикиву дариву форсист. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо равшангарони бедори миллат дар ин се даҳсола дар иттиҳоди форсизабонони ҷаҳон корҳои натиҷабахши зиёд ба субут расониданд. Аҳаммияти гуфтаи пурҳикмати Сарвари давлат – «забон дар паноҳи давлат, давлат дар паноҳи забон» бештар мешавад.
На танҳо арзиш афзуд, балки ба формулаи санҷидашудаи дифои забон табдил ёфт. То оне ки давлат забони миллаташро аз ҳар ҷиҳат парасторӣ накунад, бо талоши танҳо қишри равшанфикр зинда мондани он дар гумон аст, зинда шояд монад. Иқдому ибтикори Пешвои миллат дар ин самт ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Забон ороишу пероиш, сайқалу суфтагарӣ ва нигоҳубини вежа мехоҳад. Ба қавли Бозор Собир «Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард!». Ҳоло дар рӯзгори осоишта обод накардани забон ва аз имкони Истиқлол суд набурдан номумкин аст. Дар бораи забони миллӣ, ки решапайванди таъриху тамаддун, расму оини тоҷикон бо дунёст, чунон таҳқиқу омӯзиш бурда ва рисолаву мақолаҳо таълиф кардаанд, ки ҷамъугири он ҳама вазифаи аслии мост.
Мо бояд он ҳамаро аз китобхонаҳои ҷаҳон, сомонаҳои интернетӣ ва аз дасти муаллифон ҷамъ оварем, тарҷумаву тасҳеҳ карда, пас аз интишор мухтасари онро ба забонҳои англисиву русӣ ва чинӣ ба чоп диҳем. Дар бораи мақому нуфузи забонҳои дунё байни аҳолии ҷаҳон иттилои муҳим ва фикрбарангезе моро саргарм мекунад, ки санади матлуб, ҷолиби диққат ва шоистаи зикр аст: «Дар ҷадвали забонҳои бузург забони чиноӣ дар мақоми аввал қарор дорад ва ҳоло он забони модарии 1 миллиарду 151 миллион нафар ба шумор меравад. Забони инглисӣ дар мақоми дувум аст ва он забони модарии 1 миллиард нафар дониста мешавад. Сипас забонҳои испанӣ, ҳиндӣ ва русӣ омадаанд. Забони русиро дар Русия ва Осиёи Марказӣ 277 миллион нафар забони модарии худ медонанд. Забони арабӣ дар зинаи 6 ҷой гирифтааст, он забони 255 миллион нафар маҳсуб мешавад. Забони форсӣ дар ҷадвал дар зинаи 13 қарор дорад ва 110 миллион нафар дар Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ онро забони модарии худ гуфтаанд. Забони туркӣ дар зинаи 22 аст ва соҳибони он 75 миллион нафарро ташкил додаанд» (аз рӯйи иттилооти соли 2014).
Аз ин иқтибос равшан мешавад, ки мақоми забони тоҷикии форсӣ дар ҷаҳони имрӯз баъди забонҳои чиноӣ, инглисӣ, испанӣ, ҳиндӣ, русӣ, арабӣ дар ҷойи 13 ҷо дорад ва ҳамин далели қотеъ ҳам нишони хеле баланди қадру қимат ва арзишу эътибори забони мо дар ҷаҳон ва миёни забонҳои дунёст. Забони туркӣ дар ин шумориши коршиносони забонҳои дунё мақоми 22-ро дорад, ки аз забони тоҷикии форсӣ 8 зина поён аст.
Ин нукта арзиш ва қадру қимати забони моро дар байни забонҳои қавму милали дигари ҷаҳон собит менамояд ва вомедорад, ки мақому бақои забонро на дар ифтихору ҳангомаи примитиви дороиафзоии миллӣ, балки дар шинохт ва азбарнамоии воқеии забон дарёбем. Забони тоҷикӣ сарвати камназири таърихии мост, ки дороиҳои он ба омӯзиш, парвариш ва ҳифзи ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз ин ниёзмандиро силсилаи асноди давлатӣ дар бораи такмили забони тоҷикӣ мебарорад. Ба ин маънӣ, бозгӯи нақши муассир ва таърихии қонунҳо дар бораи забони давлатӣ дар таъкиди мавзуъ арзишу аҳаммияти мубрам пайдо кардаанд.
Таваҷҷуҳ ба забон ва таъкидҳои хоссаи Президенти кишвар – «Аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар миллат забони ӯ мебошад», «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон!» моҳияти сиёсати фарҳангии ҳукумат ва сарвари онро бозмегӯяд. Иҷрои талаби забон дар замони мо ба чигунагии сатҳи саводу дониши ҷомеа низ пайванд аст. Ниҳодҳои фарҳангӣ ва зиёиёни миллӣ ба қазия бояд озмуда ва бо назари бориксанҷон муносибат кунанд. Яъне агар, равиши аҳли ҷомеа дар пазириши забон усулӣ, илмӣ, методологӣ бошад, шояд пайомадеро нигарон шуд, ки вазъи забон дар оянда беҳтар хоҳад гашт.
Дар ин чандин сол чораҳои зиёд андешида ва ба кор рафта ва минбаъд низ чунин хоҳад буд, ки ин гуна муносибат то ҳадде усулӣ ва ҳирфаист, ояндаи забони тоҷикӣ равшан исбот хоҳад кард. Бузургдошти забони тоҷикӣ-форсӣ муҳимтарин қазтияи ҳастии маънавӣ барои миллати тоҷик аст. Мақому мартабаи забон дар ҷомеаи мо дар ҳақиқат мавзуи муҳим барои андешидан аст. Имкон дорад, ки арзёбиву ҳаллу фасли қазияи забони миллӣ (умуман) ва муайян кардани ҷойгоҳи арҷманди забони форсии тоҷикӣ (хусусан) аз чашмандози густурдае сурат бигирад. Дар шароити дигаргуниҳо ва навпардозиҳои ҷомеаи истиқлолхоҳи тоҷик ба қазияи забон ба сифати падидаи беназири истиқлоли фарҳангӣ ва ҳамчун масъалаи глобалии миллати тоҷик бояд таваҷҷуҳ кард.
Дар назар бояд дошт, ки забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини паҳновари мо рисолати пайвандгарӣ байни дирӯзу имрӯз ва фардои миллат, вазифаи ба ҳам овардани унсурҳои рангоранги созмондиҳии ҳуввияти миллиро ба уҳда дорад. Борҳо дар бораи забони осори илмӣ, забони матбуоти тоҷик ё расонаҳои хабарии дигар андеша ва сару садоҳо баланд мешаванд. Воқеан дар ин боб матлаб зиёд аст. Ақидаҳо дар ин боб низ яксон нестанд. Яке ин ки матбуотро ба далели ҷой доштани мақолаҳои дорои забони душвор «муҷрим» медонад. Гӯё чанд соҳибқалам барои мардум забони нофаҳмо «эҷод» мекунанд. Аз диди инҳо бояд забонро ҳарчи бештар сода кард. Дар ин роҳ гӯё ба хилофи назарияи сода кардани забон пойгузорӣ мешавад.
Масалан, ҳоло ҳам хонанда пайдо мешавад, моро барои навиштани калимаи «муҷрим» аз решаи «ҷурм» – ба маънии «гуноҳ», «гунаҳкор» муттаҳам мекунад. Ҳол он ки дар мактабҳои миёна ва олӣ забони тоҷикӣ меомӯзанд, гӯё қонуну қоидаҳои забонро аз бар мекунанд, аммо дар натиҷа мағзу ҷавҳари забонро фаро наёфта, баъзеашон масалан, ходимони матбуот ё телевизиону радио шуда, гоҳе аз пайи овозаву дарвозаи ҳарфҳои бебунёд мешаванд.
Назарияи сода кардани забон, ки иддае аз рӯзноманигорон, олимон ва адибон тарғибу талқин доранд, дар вақташ (солҳои 20-30-уми асри ХХ) кори сиёсат буд барои навсозии забони сода ва барои замон мувофиқу матлуб. Даъвогарон алҳол низ баъзе таълифоти устод Айниро ҳамчун намунаи хуби содагии забон дар ин давра муаррифӣ мекунанд, ҳол он ки дар пайи сиёсати забонии шуравӣ ӯ маҷбур буд дар бисёр маврид аз сабку баёни аслии пешина даст кашад ва намунаҳои мафҳумтаре барои хонандаи ин солҳо фароҳам оварад.
Албатта устод Айнӣ дар ин роҳ беҳтарин намунаҳоро офарид, аммо ба ҳар ҳол ин намунаҳо аз сабки пешини ӯ тафовут доштанд. Амали сода кардани забонро бештар ба маънии фароҳамоварди матнҳои ба табиату сиришти азалии забони тоҷикӣ созгор бояд фаҳмид. Сода кардан дар таърихи забон ва адабиёти мо собиқаи ҷолиб низ дошт.
Масалан, содагӣ ва самимияти забоние, ки ба шеъри Рӯдакӣ хос аст, шояд беҳтарин намунаи матнҳои классикии тоҷикӣ-форсӣ бошад. Чун забон рафта-рафта ба таҳаввул рӯ ба рӯ омад, табиист, ки дар ин роҳ падидаи мушкилнависӣ ҳам рух дод. Масалан, адабиёти форсӣ-тоҷикии аҳди Бедил ва пайравони ҳамзамони ӯ намунаи камназири печидагӯӣ, номафҳумӣ ва сухан андар сухан гуфтанҳоро ба миён овард. Аммо, андак баъд шоирони аҳди «бозгашти адабӣ» даст аз ин бардошта, ба сабкҳои содаву самимии аҳди пешин – сабкҳои хуросониву ироқӣ иродат карданд. Ба назар мерасад, ки намунаҳои ин давра чандон содаи имрӯзии мо нест. Содаи пешин дар сатҳи хеле баланд, фасеҳ ва шево, аммо содаи солҳои бисту сийи садаи бист ва дар бархе маврид имрӯз содаи аз ҳад беш одӣ, каммоя ва камранг ба назар мерасад.
Аҳмади Дониш низ хеле ишқу алоқа дошт то қаламкашони замонааш аз печидагии бедилӣ даст кашанд ва худи ӯ насри иҷтимоъгаронаро ба забони содаи баланди дорои табиати мовароуннаҳрӣ эҷод намуд, ки забоншиносон инро хидмати пешвои маорифпарварӣ дар демократизми забонӣ донистаанд. Аммо, бархе қаламкашон, ки имрӯз як тоифаеро ба душворнависӣ айбдор медонанд, гумон мекунам, «содаи» Аҳмади Донишро низ нахоҳанд фаҳмид. Бинобар ин, пайравоне, ки мардумӣ навиштанро талқин доранд, бояд содаро аз сода фарқ кунанд. Имрӯз баъзан содаи мо дар сатҳи содаи одӣ, примитивӣ ва кӯчагӣ қарор дорад, ки бо ин намунаҳо наметавон фасоҳату балоғати аслии забони тоҷикиро ба насли миллат пешкаш кард. «Сухан з-осмонҳо фуруд омада, Ба иқлими ҷонҳо фуруд омада» ва ин сухани баланди форсии тоҷикӣ буд, ки «аввал аз болои курсӣ бар замин омад», яъне Худованд нахустпадидае, ки ба заминиён арзон дошт, гавҳари сухан буд.
Фирдавсии бузургвор ба ин забон сиву чанд сол «басе ранҷ бурд» ва аз назм «кохе баланд» пай афканд, забони оламшумули моро «боз боло бурду бар курсӣ нишонд». Ӯ низ ҳамеша дар амри содаву равон нигоҳ доштани забон буд, талош бар он меварзид, ки дар муқобили салтанати забони ғайр забони асли худашро парчамбардорӣ намояд, ҳар чи кӯшид, забонро аз бегонагӯӣ ва душворнависӣ раҳоӣ бахшад. Аммо ин содагӣ дар ҳадди камол ва дар сатҳи эъҷоз қарор дошт. Шояд, агар дар матбуоти тоҷикии замони мо матнҳо ва намунаҳои хуби содаи сараи табиии тоҷикиро медидем ва ё мехондем, иддаои ин маънӣ, ки як тоифаи хурди аҳли қалам дар душвор кардани забон айб доранд, дуруст мебуд.
Намунаҳои «содаи» имрӯз, ки дар матбуот хонда ва ё дида мешаванд, хеле ғалат аст, бемоягӣ ва даробарои зиёде доранд, ки фикр мекунам, ҳаҷми мусоҳиба ба далеловарӣ имкон намедиҳад. Забони мақола ва гузоришҳои телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ низ ҳамчунин даҳҳо ғалату бемоягӣ доранд. Намунаҳои «эҷодии» баъзе воситаҳои ахбор барои забондонӣ ва дониши муайян гирифтани хонанда ва ё шунавандаву бинанда кифоят намекунанд.
Бинобар ин фаҳмиши соданависиро дар фикри мардум бояд таҳрир кард! Чӣ бояд кард, ки забон дар ҳоли равнақ ва сабзишу шукуфоӣ бошад?
1. Ба масъалаи забон ҳамчун масъалаи рӯз набояд назар кард. Яъне, чун чораҷӯиҳои ҳамагонӣ танҳо дар фурсати таъйин набояд сухан аз забон гуфт. Балки ин қазия ҳамеша ба қазоват ниёзманд аст.
2. Борҳо донишмандон таъкид доранд, ки таълиму тадриси усулии забон на танҳо аз китоби дарсӣ, балки аз матнҳои арзишманду баландпояи классик ва муосири тоҷикӣ сурат гирад. Аз ин рӯ, устодону донишомӯзони мактабҳои олӣ ва миёнаи ҳамагониро чора ин аст, ки ба забон аз рӯйи матн диққат кунанд, яъне усули классикии омӯзишу парвариш бояд ба миён ояд...
Яъне усули классикии омӯзишу парваришро бояд идома дод!
Субҳони Аъзамзод,
устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»