ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Ятимзода Содиқ дар оғози ҳамоиш паёми табрикии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддинро ба ҳозирин расонида, иштирокчиёнро бо баргузории конференсия шодбош гуфт.
Ҳамзамон зимни суханронӣ зикр кард, ки забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба шумор рафта, ин ганҷинаи нодири маънавӣ дорои мероси ғании адабӣ мебошад. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ба сифати забони куҳанбунёд ва дорои таърихи чандҳазорсола дар тули асрҳо на танҳо василаи муошират, балки омили нигаҳдоранда ва интиқолдиҳандаи фарҳанг, тафаккур, адабиёт, санъат ва ҷаҳонбинии пурвусъати миллати тоҷик ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки масъалаи ҳифз, покизагии забон, ғанигардонӣ ва рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлол ҳамчун рукни асосии сиёсати фарҳангиву маънавии давлат шинохта шуда, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, зеро забон пояи ҳастии миллат, ойинаи таърих ва омили муҳимми таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад.
Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои эҳё ва таҳкими асолату ҳувияти миллӣ, таърихи пурғановат, забон, фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Дар бахши илмии конференсия як қатор олимону пажуҳишгарон - профессор Ҳасанзода Абдуҷамол Ашраф дар мавзуи “Назари Пешвои миллат ба мавридҳои корбурди аносири гӯишӣ”, профессор Мӯсо Олимҷонов дар мавзуи “Андешаҳои Пешвои миллат дар мавриди вижагиҳои сабки ҳиндӣ”, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Ҳасан Султон Баротзода дар мавзуи “Пешвои миллат ва рушди забони тоҷикӣ”, профессори Донишгоҳ Шокириён Туғрал Сироҷзода дар мавзуи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интишори забони тоҷикӣ” ва профессор Толиб Ваҳҳобов дар мавзуи “Забони давлатӣ ва умури коргузорӣ” маърузаҳои илмии пурмуҳтаво ироа доштанд.
Зимни маърузаҳо нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии забон, густариши меъёрҳои адабӣ, танзими истилоҳот, рушди таҳқиқоти забоншиносӣ ва боло бурдани мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифт.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки таҳкими пояҳои забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги суханварӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва таъмини рушди устувору ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятнок ва масъулиятноки ҷомеаи илмӣ, аҳли зиё ва сохторҳои марбутаи давлатӣ ба шумор рафта, татбиқи пайгиронаи онҳо омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти маънавии ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Маркази иттилоот ва таҳлил