ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТБАХШИ БАҲРИ АРАЛ ВА ҲОМИИ ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶАҲОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, ки феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Боиси қайд аст, ки 22-юми апрели соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақа ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд ва ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии кишвари моро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд.
Яке аз сабаби ташкили ҳамоиши мазкур маҳз дар ин рӯзи таърихӣ дар он аст, ки санаи 22-юми апрел дар тамоми ҷаҳон “Рӯзи умумиҷаҳонии Замин” таҷлил карда мешавад ва ин боз як маротиба огоҳ ва ҳушдор намудани ҷомеаи ҷаҳони ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ, барои ноил гардидан ба рушди устувор мушкилиҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тақвим мебахшад.
Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои пайдарпайи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо масоили об дар рӯзномаҳои ҷаҳон рушд карда ва мақоми хосса пайдо намуд. Аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Ба таъкиди Пешвои миллат, ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонанд, аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намоянд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштарак таҳия ва татбиқ намояд.
Бояд гуфт, ки Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд аз 22 то 24-уми марти соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ҳамоиши таърихие унвон шуд, ки амалҳои муштарак ва ҳамоҳангии кишварҳои сайёраро дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим тақвият мебахшад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳонаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар амри расидан ба қаламрави саодату ҳамбастагии мардуми олам муҳри тасдиқ зад.
Дар ин чорабинӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти баҳри Аралро мавриди муҳокима қарор доданд ва изҳороти муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз солҳои 60-уми асри XX Арал чаҳорумин баҳри калонтарини ҷаҳон бо масоҳати тақрибан 70 ҳазор километри мураббаъ маҳсуб мешуд. Ин баҳр аз оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё маншаъ мегирад. Қаблан, дар баҳри Арал 34 намуди моҳӣ зиндагӣ мекард, ки 24-тои он тиҷоратӣ буд. Дар соҳилҳои он Қазоқистону Ӯзбекистон якчанд фабрикаҳои моҳидорӣ ва корхонаҳои киштигардӣ доштанд. Ба амнияти Осиёи Марказӣ тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, давраи ояндаи камобӣ ва нарасидани об таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ҳарорати ҳаво дар минтақаи мо нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ хеле зудтар боло меравад. Ин боиси кам шудани майдони пиряхҳо, манбаи асосии об дар ҳавзаи баҳри Арал мегардад. Ҳаҷми онҳо дар давоми 50 соли охир 30 дарсад кам шудааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, то соли 2050 хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад дар як сол ба андозаи 1,3 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зарар расонад ва ин боиси пайдоиши ҳудуди 5 миллион муҳоҷири дохилии “иқлимӣ” хоҳад шуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки то соли 2040 дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ фишор ба манобеи об се маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, аллакай, давлатҳои минтақа ба далели камобӣ ва истифодаи бесамари манобеи об ҳамасола то 2 миллиард доллар зиён мебинанд.
Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ хушкшавии баҳри Аралро яке аз бузургтарин буҳронҳои экологии асри ХХ номидааст. Нобуд шудани баҳр ба набототу ҳайвонот ва иқлими минтақаҳои наздикӣ Арал таъсири манфӣ расонд. Дар радиуси 100 километр тобистон гармтару хушктар ва зимистон хунуктар ва дарозтар мешавад. Миқдори боришот якчанд маротиба кам шудааст. Аз 173 намуди ҳайвонот танҳо 38-тоаш зинда мондааст, ки онҳо низ, ниҳоят осебпазиранд. Ба гуфтаи коршиносон, дигар имкони пурра барқарор кардани баҳри Арал нахоҳад буд. Кам кардани таъсири харобиовари буҳрони шадиди экологӣ вазифаи муҳимтарин мебошад. Раҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қадри имкон талош доранд, ки дар наҷоти баҳри Арал ва минтақаи Арал саҳм гузоранд.
Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки айни замон дар амал татбиқ шуда истодааст. Барои тарҳрезӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузоштааст, ки ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ маҳсуб меёбанд.
Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Сарвари давлат дар тақвият ёфтани нақш ва симои мусбати кишвар дар ҷаҳон хело бузург аст. Имрӯз Тоҷикистон бо сайю кушишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз лиҳоз, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафа ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул карда мешавад ва сулҳу суботро дар ҷаҳон пойдор месозад.
Воқеан, Пешвои муаззами миллати фарҳангпарвари тоҷик бо пешниҳоду ҳидоят ва тарҳҳои илман асосноки фарогири манфиатҳои умумиинсонӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори созандаву башардӯст эътироф гардида, кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро муваффақона ба шоҳроҳи рушду пешрафти ҳамаҷониба роҳнамоӣ карда истодаанд.
Азизахон Хоҷаева,
мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»