ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Аз қадимулайём ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдори тинҷиву осоиштагӣ ва оромиву сулҳ буданд, мебошанд ва хоҳанд монд. Чуноне ки аз таърих маълум аст ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Сомониён душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд ва дар натиҷа давлати соҳибиқтидор ва мутамаркази тоҷикон нузул ёфтанд.Мардуми сарбаланди тоҷик табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвар буда, дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар медонанд.
Созишномаи сулҳе, ки дар Тоҷикистон ба имзо расид, пеш азҳама натиҷаи хираду ақлу заковати азалии мардуми тоҷик ва аз он бештар роҳбарони дуҷониб ба ҳисоб мерафт. Дар баробари барои расидан ба ин мақсади олӣ дӯстони русу эронӣ, афғонуқазоқ ва дигар бародарони ба мо дӯст ёрии амалии хешро расониданд. Яъне, пеш азҳама ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ ин хидмати бузурги миллати тоҷик бошад, баъдан ташаббус ва хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон ҳамчун мамлакат аз баракати сулҳу суботи устувор ва ваҳдати комили миллӣимрӯз худро дар байни кишварҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонист ва ин бевосита натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстонаи мардум ва вусъат ёфтани созандагиву бунёдкории мардуми сарбаланди кишвари азизи мову шумо ба ҳисоб меравад.
Бо баробари таҳким ёфтани Ваҳдати миллӣ, рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва созандагиву бунёдкорӣтадриҷан вусъат ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум низ рӯз аз рӯз, сол аз сол беҳтару хубтар гардида истодааст.
Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарѓибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кутоҳи таърихӣ ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иктисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба хеле дастовардҳо ноил гардид»
Имрӯзҳо ҳар як шаҳрвандикишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд қайд кард, ки амру супоришҳои Пешвои миллат доир ба баргузории Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон аҳамияти муҳими иҷтимоию сиёсиро доро мебошад. Чунки ин тадбири басо судманд ба гиромидошти сулҳу Ваҳдат ва ба таҳкими ҳамаҷонибаи ин неъмати олӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин айёми омодагӣ багузаронидани ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда, аз комёбиву дастовардҳои он ёдовар шудан амри воқеӣ аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми аҳолии Тоҷикистон, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он тафохур кунанд, панду андарз гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ кунанд ва ин неъмати беандоза олӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро ѓояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи мутамаддини моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо ба ҳисоб меравад. Бояд хотирнишон кард, ки рисолати мазкур бояд доимӣ амал намояд ва барои рушду такомули кишвари азиз мусоидат намояд. Бо эътибор додан ва арҷ гузоштан баѓояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллати мо ҳамон андоза қавӣ ва неруманд гардида, сабаби камол ёфтани фарҳанг ва маънавиёти мардум ва ҷомеа хоҳад гардид. Бале, воқеан, Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он сарчашма мегирад.
Солҳои 90-уми асри гузашта муаммои мазкур бо тамоми нозукиҳояш мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор гирифт ва тақдири таърихии Тоҷикистону миллати тоҷик аз бисёр ҷиҳатҳо вобастаи он буд.
Баъд аз пош хӯрдани мамлакати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар натиҷа ҳар яке аз ҷумҳуриҳо ба давлатҳои хурди мустақил табдил ёфтанд, дар аксари давлатҳои мазкур истиқлолият бе ҳеҷ гуна низоъу хунрезӣ ба даст омад. Мутаассифона, Тоҷикистон барои ба истиқлолият ноил шудан ранҷу азобҳои зиёд ва ҷангҳои хунинро аз сар гузаронид. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, тӯдаҳои мухолифинро бар зидди коммунистон ва роҳбарони мамлакат ба ошӯбу иѓво андохтанд. Неруҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори хеш қарор дода, барои авҷ гирифтани маҳалгароӣ мусоидат менамуд. Дар натиҷа одамон ва тоифаҳое ба миён омаданд, ки аҳолиро гумроҳ карданд ва онҳоро бар зидди якдигар иѓвову ошӯб намудан бархезониданд.
Кишвари осудаи Тоҷикистон ба ҷанги бемаънии бародаркуш табдил ёфт ва ҳолати сиёсӣ ва иқтисодии кишвар рӯз аз рӯз хеле поён фаромад ва аҳолии кишварро гуруснагиву қашшоқӣ ва буҳрони молиявӣ фаро гирифт. Аксарияти сокинони мамлакат ба хотири ҳифзи ҷони аҳли байт ва кӯдакони хурдсол ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар кӯч бастанд. Ҳукумату давлат ва дигар сохторҳо тамоман фалаҷ гардида буданд, касе ба касе гӯш намекард.
Дар ҳамин вазъияти ноосудаву нотинҷ бо ташаббуси неруҳои солими Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони фидокори мардумӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кори худ оѓоз кард.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи Иҷлосияи мавриди назар интихоби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Ба ин вазифаи муқаддас ва шарафманд бояд марди оқилу доно, сиёсатмадори асил ва ҷасуру дурандешро интихоб кардан лозим буд.
Хушбахтона, ин гуна шахсияти тавонову доно дарёфт гардид ва он шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки то имрӯз дар вазифаи олӣ барои гулгулшукуфии Тоҷикистон хизматҳои шоиста карда истодаанд. Дар ҷаласаи мазкур аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 вакил ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд ва 19-уми ноябри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тавсиб расид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон давраи ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳалталаби ҳастии мамлакату кишвар – таъмин намудани сулҳу оромӣ, воҳид намудани шаҳрвандони кишвар, истеҳкоми ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофик омад. Пешвои миллат аз самими қалб иброз доштанд: «Бародарони гиромӣ! Ҳоло тақдири Ватани азизамон - Тоҷикистон, ки ҳамчун як давлати тозаистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ бояд арзи ҳастӣ бикунад, дар асоси торафт шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҷамъиятӣ, буҳрони амиқи сиёсӣ - иҷтимоӣ сахт дар хатар аст. Чанд рӯз аст, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд намояндагони мардум дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба хотири наҷоти Тоҷикистон ба хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ба оҳанги сулҳу ризоият ва ҳамдигарфаҳмӣ муваффақ мешаванд. Бо ҳамин мақсад ва ба хотири воҳидияту ваҳдати тамоми халқҳои сокини Ҷумҳурӣ Шуморо 25-уми ноябри соли 1992, соати 14 барои иштирок дар кори Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват менамоем. Ҳукумати Тоҷикистон бехатарӣ ва амнияти Шуморо таъмин менамояд».
Дар саҳни Қасри Арбоб оши оштии миллӣ дода шуд, халқ дар атрофи як дастурхон нишастанд ва азму иродаи худро дар ҷодаи истикрори сулҳ нишон доданд. Муҳимтар аз ҳама Ватанро аз вартаи ҷангу нобудшавӣ наҷот додан, ба даст овардани сулҳи кул ва зина ба зина аз байн бардоштани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ, дар барномаи амалии Сарвари Тоҷикистон мавқеи махсусро ишѓол менамуд.
Баъд аз оши оштии миллӣ дар гӯшаю канорҳои гуногуни Тоҷикистон низоъ ва вайронкорӣ идома меёфт ва барои зиндагии осоиштаи мардум халал ворид мегашт.
Доир ба ин Пешвои миллат ба халқи хеш муроҷиат намуда, мегуфтанд: «Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оѓӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машѓyл бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем, Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ѓанию мутараққӣ табдил бидиҳем».
Бо саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ѓояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат табдил ёфт ва он баҳри инкишофи минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиклоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва нихоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мусоидеро ба бор овард.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик воқеан дастоварди бузурги таърихӣ мебошад, ки дар тӯли таърихи давлатдории тоҷикон намунаи барҷастаи фарҳанги сулҳро ба ҷаҳониён тақдим намуд. Аз баракот ва файзи ин ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистони азизи мо бо ҳидоятномаи Сарвари сулҳофарини хеш, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ормонҳои худро тай намуда, дар зеҳну тафаккур андешаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷаллии афкори ояндабинони шукӯҳ ва нусрати тамом касб намуд. Аз ин нуқтаи назар, имзои Созшиномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ба заҳмату талош ва ибтикороти Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад, навъе ба ормоншиносӣ ва сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон ба шумор меравад. Бояд эътироф намуд, ки эътиқоду эътимод ба корномаҳои таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ба андешаи созанда, тафаккури пешқадам ва маънавиёти олии миллати мо дар масири таърих, ба роҳбари сулҳофарини тоҷикон эътимоду боварӣ бахшид, то ҳанӯз дар минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо умед ва бовар ба қудрати миллати хеш аз омадани сулҳи тоҷик паём расонанд ва бо ҳиммати баланди сиёсӣ аз ин минбари баланд ба сӯимардуми хеш садо баланд кунанд:
- Ман ба Шумо сулҳ хоҳам овард!
Ин ҷумлаи пур аз ихлосу муҳаббат ва боварӣ буд, ки воқеан бо садоқатбории хеш сарнавишти миллати моро аз парешонии таърихӣ наҷот бахшид ва роҳи равшану пайдоии Тоҷикистони азизи моро дар марҳилаи нави таърихӣмуқаррар намуд. Ба таъбири устод Лоиқ “Худоро шукр, ки ҷанги хуниншиор бигзашт ва сулҳи деринтизор омад”. Ҳамин тариқ, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвари мо роҳи тозаи ташаккули маънавии халқи тоҷикро боз намуда, кишвари моро ба сӯи созандагиҳои нав раҳнамоӣ кард ва дар меҳвари ин пешрафтҳои ояндасоз, қабл аз ҳама, рушди тафаккури миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ қарор гириф. Ҳидоят ва раҳнамоиҳои меъмори бинои сулҳи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои созандагиву барозандагии мардуми тоҷик дар ҷодаи эъмори ҷомеаи маънавибунёд, фарҳангофарин, мутамаддинро имрӯз метавон ҳамчун намунаи беҳтарини ҳосили ваҳдати миллии тоҷикон арзёбӣ намуд, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳар ҷиҳат чун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуда, дарвозаи муҳаббату ихлоси ҷаҳонро ба сӯи тоҷикистониён боз мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки Ваҳдат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як неруи тоза ҷараён дорад. Фазилати Ваҳдати миллӣ буд, ки мардуми сарбаланди кишвар бо як умеду орзуҳои ширин зиндагонии шоистаеро паси сар намуда истодаанд.
Соҳибистиқлолӣ ва гул-гулшукуфии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз Ваҳдати миллӣ вобастагии калон дорад ва кишвари азизизи мо маҳз бо шарофати Ваҳдат рушду инкишоф ёфта истодааст.
Гузориш ва ҷамъомаде нест, ки дар он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он дар ҷомеаи кишвар ҳарфе нашуфта бошанд. Дар ҳамаи суханҳои Пешвои миллат воҷаи Ваҳдат ба назар мерасад ва ин воҷа ба ҳамаи мардуми сарбаланди кишвар хуш садо медиҳад. Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки мардуми мо гирди ҳам ҷамъ омаданд, Ваҳдати миллиро барпо намуданд, ба ин васила Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу зебо карданд.
Мо доир ба Ваҳдати миллӣ чӣ қадар сухан гӯем кам аст, танҳо ҳаминро гуфтан бамаврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт ва фарҳанги сулҳофариро пеша кард, бо эҳсоси гарми ватандорӣ, андешаи тақдири ояндаи бақои миллат, ба музокироти сулҳ ташаббус нишон дод. Натиҷаҳои ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳои Сарвари мамлакат буд, ки имрӯзҳо дар кишвар амнияти саросарӣ пойдору қавӣ ва ободиву бунёдкориҳо дар рушду инкишоф қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки сулҳи тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии миллату давлат ба ҳисоб меравад.
Хидмати беандозаи Пешвои миллат буд, ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватанпарастиву ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандориву ватаншиносӣ рушд ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои фарҳангиву таърихӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёди фарҳангофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида, рӯзгор ва аҳвол, инчунин осори гаронбори онҳо мавриди таҳқиқу тадқиқ қарор гирифт.
Заҳмату меҳнат ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари азияткашида ва кулфатдидаи мо имрӯз ба Ваҳдати миллӣ расид ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми сарбаланди мо Ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз ва гиромӣ медоранд.
Ҳамин тавр, мо бояд шукрона кунем, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат Ваҳдати миллиро ба даст оварем ва то имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо хушнудиву хушиқболӣ зиндагӣ карда истодааанд.
Салоҳиддин Ӯзбеков,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети
филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»