Панҷшер Каъбаи озодии Афғонистон
Аз вазъияти кунунии ҳамсоядавлатамон Афғонистон кулли оламиён ба хубӣ ошно ҳастанду нафаре афсӯс мехӯрад, дигаре худро канора мегирад, ки аз бало ҳазару баногоҳ ба давлаташон зараре нарасонанд.... Аз шабакаҳои интернетӣ ва телевизионӣ хабарҳои ирсол намудаи ин ҳаракатро тамошо намуда, кас афсӯси ҷонкоҳе мекашад, ки ин давлат дар зарфи анқариб нимасраи худ чунон ҷангзадае гаштаву боз ана ҳамон ҷанговарон, ки аз расму оину инсонӣ фарсахҳо дуранду чи будани ҷаҳонишавиро эътироф надоранд, имрӯз бар сари қудрад омадаву амалашон сароғоз аз хариду фурӯши тифлон то лату кӯбкунии зан-модар каме нест.... Пас суоле пешорӯ мезанад, ки чи гуна ин нафарон, ки дар ғору пуштаву биёбон расида, имрӯз сари қудрат мешинанду як давлате, ки миллатҳои гуногунеро дорост идора менамоянд? Охир то ба имрӯз бо ҳаммиллату ҳамдавлати худ забоне наёфтанду кунун бо ҷонбозиҳо “қудратманд” ҳастанд?
Аз расонаҳои хабарӣ огоҳ мегардем, ки давлатҳои ҳамсоя барои эътирофкунии давлате, ки саро по аз “террористони дирӯза” сохта шудаанд омода ҳастанд, ки ин аҳдофи онҳо хеле нигаронкунандааст. Кишваре, ки намояндагони миллатҳои гуногун он ҷо иқомат доранд, бояд давлат ҳам бо назардошти қонунияту фарогирии ҳамаи миллатҳо сохта шавад. Тасарруфи Афғонистон аз сӯи Толибон ва бахусус ҳамлаи ин гуруҳ ба дараи аксаран тоҷикнишини Панҷшер, дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Бисёриҳо барои ҳимоя аз Афғонистон садо баланд кардаанд.
Панҷшер, ки бо фарзанди фарзонаи худ чун Аҳмадшоҳи Масъуд маъруф аст, ягона минтақаест, ки бари мухолифат бо ин ҳаракат истодагарӣ дошт ва имрӯз низ фарзанди он қаҳрамони ҳам давлати Тоҷикистону ҳам Афғонистон – Аҳмади Масъуд ин озодихоҳиро истодагарӣ дораду барои озодии халқи тоҷик дар хоки Афғонистон ва умуман ободии кишвараш ҷонбозиҳо дорад... Дар ҳақ, ки Панҷшер Каъбаи озодии Афғонистон эътироф гардидаву умед дорем, панҷшериҳо намегузоранд, ки давлати толибони худҳоҳу худбин сохта фаъолият бурда бошад.... Давлат ва сохти давлатдории фарогири манфиатҳои ҳамаи қишри ҷомеа бошад, на ин ки бозичаи террористон!
Шарифзода М.