​ПАЙВАНДИ НАСЛҲО ВА АРҶГУЗОРӢ БА ИЛМУ УСТОД: МАҲФИЛИ ТАРБИЯВИИ «ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ»

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шахсиятҳои бузург ва ёдоварӣ аз корномаи чеҳраҳои барҷастаи миллат, дар факултети математикаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» маҳфили навбатии тарбиявии «Пайвандгари наслҳо» таҳти унвони «Чароғи ҳидоят» дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба зиндагӣ, фаъолият ва мероси арбоби намоёни илм, доктори илмҳои фалсафа, профессор, собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Асосгузори мактаби илмии физикаю химия дар кишвар шодравон Муҳаммад Осимӣ бахшида шуд.

Маҳфилро декани факултети математика Маҳмудзода И. оғоз намуда, дар бораи арҷгузорӣ ба мақоми устодону чеҳраҳои шинохтаи илми тоҷик сухан гуфт.


Зимни баргузории чорабинӣ ҳамчунин профессорону дотсентон Назимов А.Б., Байзоев С., Умаров М.Ф.,Абдурауфзода Ҷ.А маърузаҳои пурмуҳтаво карда, аз хизматҳои бузурги Муҳаммад Осимӣ ва саҳми ин шахсияти таърихӣ дар рушди илми тоҷик, раҳнамоӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ёдоварӣ намуданд.

“Чароғи ҳидоят” на танҳо як чорабинии хотиравӣ, балки дарси бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба мақоми баланди устод барои донишҷӯён маҳсуб меёбад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ