​ПАЙКИ ХУШ: УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ БА ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ САЗОВОР ГАРДИДАНД

Бо фармоишҳои Комиссияҳои олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия як қатор омӯзгорони Донишгоҳ ба дараҷаҳои баланди илмӣ сазовор дониста шуданд.

Аз ҷумла, бо фармоиши КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсадой Обидова - дотсенти факултети биология ва химия ба дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.03.01 – физиология, Зебинисо Латифӣ - мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ба дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.13 – антропологияи фалсафӣ ва фалсафаи фарҳанг ва дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ Умедҷон Сайдуллоев тибқи фармоиши Вазорати илм ва таҳсилоти олиии Федератсияи Русия аз 26 марти соли 2026 дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.3 – иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ноил гардиданд.

Инчунин, тибқи фармоишҳои КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми апрели соли 2026 Анисахон Қавизода ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D021400 – адабиётшиносӣ (назарияи адабиёт, матншиносӣ, нусхашиносӣ), Меҳрангез Саидзода ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – забоншиносӣ (забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ), Мадина Каримӣ ба дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D091100 – геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (соҳаи илмҳои география) сазовор дониста шуданд, ки аз дастовардҳои илмии устодони соҳибтаҷриба ва омӯзгорони ҷавон дарак медиҳад.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ устодонро бо ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва эҷодии онҳо муваффақиятҳои навро таманно менамоянд.

Маркази иттилоот ва студияи «Фурӯғ»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ