ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ
Таҳти чунин унвон дар партави Паёми саодатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори раёсати Донишгоҳ 25 феврали соли 2026 бо иштироки намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд Фирдавсҷон Ҳусейнзода ҳамоиш баргузор гардид.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин чорабиниро ифтитоҳ бахшида, Паёми Президенти кишварро барои тамоми ҷомеа, бахусус аҳли илму маориф санади сарнавиштсоз ва роҳнамои амал унвон намуд. Зикр гардид, ки дар Паём самтҳои асосии рушди давлату ҷомеа, аз ҷумла нақши калидии илм, раванди таълим, ҷавонон ва худшиносии миллӣ бо таҳлили амиқ ва муайянсозии ҳадафҳои дарозмуддат равшан ифода ёфта, дар сархатти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маънавибунёди Ҳукумати кишвар масъалаи рушди сармояи инсонӣ, илму маориф ва омодасозии кадрҳои рақобатпазиру соҳибкасб қарор дорад.
Намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд Фирдавсҷон Ҳусейнзода дар суханронии худ қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ҳамаи самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаро фаро гирифта, татбиқи он аз ҳар сокини кишвар масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати давлатро талаб менамояд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аз ҷониби насли ҷавон яке аз муҳимтарин ҳадафҳои Паёми Президенти кишвар дониста шуд.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ Иброҳим Ҷабборзода дар идомаи чорабинӣ дар мавзуи «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои рушди устувори ҷомеа ва давлат» суханронӣ намуда, доир ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулият ва ҳуввияти миллӣ, иҷрои рисолати касбию шаҳрвандӣ, таълиму тарбияи насли ояндасоз, инчунин ҳифзу гиромидошти таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ибрози андеша кард.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил