​Паёми Пешвои миллат - барнома ва раҳнамои имрӯзу фардо

Чунин унвон дошт мизи мудаввар, ки бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид. Ҳадаф аз ин ташаббус шарҳи нуктаҳои муҳими Паём унвон мешавад.

Дар доираи ин иқдом як қатор маърӯзаҳо ироа гардиданд. Аз ҷумла, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Саидқул Маҳкамов дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ - барнома ва раҳнамои имрӯзу фардо” маърӯза намуд.

Номбурда доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ки зимни ироаи Паём аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифт, маълумот дод.

Ҳамзамон, масоили марбут ба соҳаи илму маориф, ки дар Паёми навбатӣ низ ҷойгоҳи хос дошт, таҳлил шуд.

Баъд аз ироаи маърӯзаҳо миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ