​Паёми Пешво – раҳнамо ба зиндагии шоиста

Дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташабуси кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ дар мавзуи “Паёми Пешво – раҳнамо ба зиндагии шоиста” мизи мудаввар доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Академияи №4 дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Лейтенанти калони милитсия Ревазода Муқаддас дар мавзуи “Паёми Пешво - роҳнамои ҷавонон” ва лейтенанти калони милитсия Муродзода Фарҳод дар мавзуи“Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб” маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, киПаёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, суханронии марҳилавӣ ва барномавие мебошад, ки дар муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, вазъият ва рушду дастоварду фаъолияти давлат ё амалкарди нерўи роҳбарикунандаи давлат дар марҳилаи муайян ва ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдиро ифода мекунад.

Гуфта шуд, ки Паём ҳамчун муҳимтарин суханронии иттилоотию ҷамъбастӣ ва дар айни замон, усулию самтмуайянкунандаи Роҳбари давлат бо тартибу ташрифоти махсус дар назди мардум ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда, рўйдоди муҳими давлатию сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Маърӯзачиён зимни суханронӣ зикр доштанд, ки Паём ҳамчун як барнома-стратегияи давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузошта, бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш ба сатҳи зиндагии боз ҳам арзандаю шоиста расем.

Ҳамзамон, дар доираи мизи мудаввар масоили марбут ба шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Декани факултет Шарифиён Муқаддас доир ба татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи миллииҶумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ибрози назар намуд.

Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор мизи мудаввар анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ