​ПАЁМ – ҲУҶҶАТЕСТ ҚУТБНАМО ВА ФАТҲКУШО

Боиси сарфарозист, ки дар кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол қонуну қоида ва меъёру талабот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҳар шаҳрванди мутеи қонун худро ҳамаҷониба бехатар ҳис мекунад. Оре, чуноне ҳамагон орзу доранд: озодӣ, осоиштагӣ, ободӣ, сулҳу салоҳ дар Тоҷикистони маҳбубамон таъмин аст. Ҳар тоҷикистонӣ аз чунин неъматҳо ҷаҳон-ҷаҳон лаззат гирифта, зиндагии пур аз нишотро ба пеш мебарад.

Ин бахти баланди халқи тоҷик аст, ки сарвари оқилу хирадманд ва ояндабин дораду дар паҳлуи он кас истода, сиёсати бунёдкоронаро ҷонибдорӣ мекунад. Барҳақ, дар ҳадисҳо оварда шудааст, ки дар паҳлуи подшоҳ истода, дар рушду нумуи кишвар, осудаҳолии мардум талош варзидан, аз наҷибтарин хислатҳои инсонӣ унвон шудааст. Зеро дастаҷамъона ба кори хайру сахо даст задан, чунон арҷу мурооти барҷаста дорад, ки ҳар инсони комилақл ба хубӣ медонад.

Бо ифтихори баланд метавон гуфт, ки дар ягон давлати дунё ягон сардори давлат мисоли Президенти кишвари мо чунин ғамхоронаву падарона баромадҳои пурмуҳтаво намекунад. Ин мояи сарбаландии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор доранду мулоқоту вохӯрӣ, суҳбатҳои самимӣ меороянд ва дили ҳар ҳамватанашонро шоду масрур мегардонанд.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аслан аз Паёми Роҳбари давлат ҳамагӣ як чиз мехоҳанд саломат бошанду солҳои тӯлонӣ дар сари қудрат бимонанд. Зеро мардум медонад, ки Пешвои мо аз саломативу орзуҳои худ дида, бештар халқи азизи хешро дӯст медоранд ва бо тамоми ҳастӣ барои равнақёбии ин сарзамину ин миллати нектолеъ талош мекунанд. Он кас орзуву ормонҳои ҳар ҳаммиллати худро рисолати ҷонии худ медонанд. Халқи тоҷик кайҳо ба ҷавонмардиву нотарсӣ ва меҳанпарастии Сарвари мамлакатамон қоил мондааст. Ба эшон кайҳо баҳои олӣ дода, дар ҳаққашон дуои нек мекунанд.

Албатта, мардум кайҳо қаҳрамони худро шинохт, бовар кард, эътироф намуд ва яқин, бурди калон кард. Ҳамон суханони барҷастаашон: «Ман ба шумо сулҳ меоварам…!» далели марди Худо буданашон аст. Дарвоқеъ, ба ваъдаашон истоданд, ба ҳамон ваъдае, ки ба камтарин подшоҳони дунё муяссар мешавад. Аз таърихи дунё кам далелеро ёфтан мумкин аст, ки подшоҳи ҷавон ба чунин ҷанги бемаъниву бетартиб хотима бахшида бошаду халқро аз нав сарҷамъ намояд. Ин ба камтарин подшоҳон муяссар мешавад. Аммо Садри кишвари мо, ки дилу нияти пок доранду ба замми ин некбинанд, Эзиди якто ба орзуҳояшон расонд.

Оре, андар хизмату корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи тоҷик кардаанд, метавон ҷаҳон-ҷаҳон факту рақамҳоро овард.

Тавре ба ҳамагон маълум, хурсандии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳар сол аз охири моҳи декабр оғоз мегардад. Аниқтараш, дар санаҳои муборак дар кишварамон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Ҳар тоҷикистонӣ оғоз аз навраси мактабхон то куҳансолтарин интизори ин Паёми фараҳбахш шуда, бо самимияти том гӯш мекунанд, аз суханони ҳадафмандонаву созандаашон ҳаловати бисёр мегиранд. Зеро онон медонанд, ки аз ин Паём то дигар Паём фақат ва ҳамеша навгонӣ дида мешаванд. Фақат ба манфиати халқу миллат, давлату ҳукумат, некӯҳолии ҳар инсон фармону амрҳо ба тасвиб расида, бовариву эътимоди шаҳрвандонро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Ҳар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик руҳу илҳоми тоза мебахшад. Садри кишвар ҳамагонро ба ҳаёти осоишта, бунёдкориву созандагӣ, ҳифзи Ватани азиз, эҳтироми ҳар ваҷаб замини авлодӣ, падару модар, пайвандон, доштани ҳувияти баланд, худшинос будан ва ғайра раҳнамоӣ мекунанд.

Паёми навбатии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи самтҳо равона гардида, вазифа ва рисолати ҳар ниҳод ва масъулинро мушаххас гардонд. Махсусан, дар ин Паём Садри кишвари маҳбубамон меҳру муҳаббаташонро ба ҳамагон арзонӣ дошта, самимияти худро иброз доштанд. Аз чеҳраву суханони самимиашон ҳувайдост, ки қадар халқи тоҷикро дӯст медоранд ва ба якҷо бунёд кардани ин сарзамини биҳиштосо бовару эътимод доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама самтҳо: саноат, энергетика, кишоварзӣ, коммуникатсия, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибату ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ таваҷҷуҳ намуда, якчанд вазифаҳои аниқу дақиқ доданд.

Якчанд рӯйдодҳои таърихӣ – имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар: Тоҷикистону Ӯзбкистон ва Қирғизистон, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони се кишвар дар Паёми навбатӣ аз забони Роҳбари кишвар садо доданд. Пешвои муаззам муждаи нек расонданд ва аён аст, ки ин тадбирҳо маҳз барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Ба ҳамин монанд бисёр масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба кулли мардуми тоҷикистонӣ ошокорову дақиқона расонданд. Табиист, ки ҳар шахси комилақл аз шунидани чунин факту далелҳои саҳеҳ, ки маҳз барои рушду нумуи кишвараш равона гардидааст, шоду масрур мешавад. Аз он ҷиҳат шодмон мешавад, ки диёри зебоманзараш дар ҳоли рушд дораду зиндагӣ аз ин ҳам дида, боз беҳтар хоҳад буд. Муҳим аз ҳама амну осоиштагӣ таъмин асту Ватани азизаш аз хатару дасиса раҳо аст…

Мо ҳамчун омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олӣ ҳар суханонеро, ки дар Паём садо доданд, бо хушнудӣ қабул кардем ва ба худ маънии бузург гирифтем. Дақиқан суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «…ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам» рисолату вазифаи ҳамаи омӯзгоронро боз ҳам қавӣ гардонд. Пешвои муаззами миллат аз минбари баланд истода, андар илму маориф, омӯзгор ва рисолати ӯ суханони гавҳарбор гуфтанашон ифтихори ҳар яки мо-омӯзгорон аст. Месазад ҳар яки мо боз ҳам камари ҳиммат баста, дар ҷодаи таълуму тарбияи дурусти мутахассисони оянда талош варзем, дониши хуб диҳем ва ба саҳми худро гузорем.

Роҳбари кишвар, ҳамчунин дар Паёми худ хотиррасон шуданд, ки барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ карда шавад. Пешниҳоди он кас айни муддао буда, дар ин ҳошия месазад ба ин тартиби низом омода шавем ва дар ривоҷаш ташаббускорӣ нишон диҳем.

Масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот низ аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд. Ҳарчанд масъалаи мазкур зиёда аз бист сол инҷониб дар ҳоли татбиқ қарор дорад, бо вуҷуди ин, Сарвари кишвар барои тезонидани ин раванд дастуру супориш доданд.

Бояд қайд намуд, ки Роҳбари давлат масъалаи таълиму тарбия аз ҷониби волидайн ва омӯзгоронро дар мадди аввал мегузоранд. Дар Паём, махсус ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид доштанд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Ишора намуданд, ки «…мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Ҳар суханашон дар Паём ҳақиқат буд, роҳнамо ва фатҳкушо сад гиреҳи сарбастаро… Аз шунидани чунин ҳарфҳои самимона ва ғамхорона кас ба андеша гӯтавар мешавад: то чӣ андоза Президенти кишвари мо ба халқу миллат меҳрубон ҳастанду махсусан ҳар наврасу ҷавон, умуман кулли ҷомеаро сидқан дӯст медоранд.

Баланд бардоштани дониш ва маънавияти наврасону ҷавонон, дар маҷмуъ, шаҳрвандон ҳадафи давлату ҳукумат маҳсуб мёбад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуданд. Дар ин давр, инчунин, 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ин маълумоти фараҳбахшро Садри кишвар дар Паёмашон гуфтанд ва ҳамагонро вазифадор карданд, ин китобҳои нодирро бихонем, бо оилаҳои худ муҳокима кунем ва аз таърихи пурғановати халқи азизамон огаҳ бошем. Аниқтараш, бидонем, тоҷик кӣ буд ва кадом марҳилаҳои ватанпарвариро гузаштааст!!! Дар таърих азобу уқубат дид, аммо сари душман сар хам накард!!! Асло ба хоҷагони аҷнабӣ хизмат накард, баръакс сар дод, аммо виҷдони мардонаи худро нафурӯхт!!!

Барҳақ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон хеле ва хеле эътимоду эътиқод доранд. Инро бояд қадр намуд. Таъкиди эшон: «Мо сиёсати давлатии кор бо ҷавононро ҳамчун самти калидӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуда, барои самаранок амалӣ гардидани он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодаем. Зеро ҷавонони мо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем. Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд» ягон ҷавонро бетараф гузошта наметавонад. Баъди шунидану дарк кардани ин суханон, бешубҳа, ҳар ҷавон тарзи зиндагии худро тағйир медиҳад ва бо идроку ҳушёрии сиёсӣ роҳ сӯи зиндагии шоиста ва ободгарона қадами устувор мегузорад.

Аммо, ҳайҳот, ҷавонмардоне ҳастанд, ки ҳамаи ин суханони ояндасозу ватансозро ба ақли кӯтоҳи худ гирифта наметавонанд. Охир онҳо метавонистанд ба худ ҳаёти мунавварро таъмин намоянд. Афсӯс, суханони аҳриманонаву ақидаҳои ботилу иғвоангезонаи ким-кадом ватангадоҳоро тоҷи сар карда, дар фурсати кӯтоҳтарин номи худро аз рӯйхати инсонӣ хат заданд. Наход инсон то ҳамин андоза мафкураи тангу холӣ дошта бошад, ки ба як сухани пуч фирефта шавад. Наход инсон то дараҷае дили ғаразноку нияти палидтарин дошта бошад, ки дар як лаҳза аз баҳри масъулияти ҷавонмардии худ барояд. Охир номи ҷавонмардиро гирифан шарафи бузург аст. Ҷавонмардӣ масъулияти ватандориву ҳифзу эҳтироми он, сарпаноҳ будани авлод аст. Афсӯс… чанд сол инҷониб ҷомеа алайҳи ин нохалафон бонги хатар мезанад, бо факту далел, мисолҳои саҳеҳ мефаҳмонад, ки роҳи онҳо хатову беохир аст, лекин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Инсон ба тақдири хеш худ соҳиб аст, агарчи Худованд ҷон дод, вале интихоби ҳаёт дар дасти одам боқӣ мемонад. Худованд ба инсон ҳаёти орому ҳамворро ваъда додааст, аммо инсоният ба ҳамон роҳ хости худро ворид мекунад. Ҳамин бурҳони қотеъ аз суханрониҳои Пешвои миллат аз Паёмҳояшон оварда шудааст. Фақат орзу ва дуои онро мекунем, ки асло ақли солими ҷавонони моро касони бадхоҳ соҳиб нашаванд. Ҳар шахс бо мафкураи солими худ ҳаёти худро пеш барад ва аз хушиҳои зиндагӣ бо оилаи тинҷу ободаш ҳаловат барад.

Паёми равшангари Пешвоямон аз ҳар ҷиҳат ҳамагонро руҳбаланд намуд. Шоистаи таъкид аст, ки имсол низ эшон ба ҳама самтҳо меҳрубониву ғамхории беандозаи худро арзонӣ доштанд. Бар замми ин қадар дастгириву роҳкушоиҳо иловатан барои баланд бардоштани маошу идрорпулӣ ва нафақаи шаҳрвандонро супориш доданд. Агар ба самти соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳ кунем, воқиф мешавем, ки солҳои охир чанд маротиба маош баланд гардидаву сатҳи зиндагии ҳар омӯзгор беҳтар шудааст. Пешвои муаззам супориш доданд, бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Чунин саховатмандиву гавҳаршиносии Пешвоямонро кулли мо-омӯзгорон ва дар маҷмуъ, алоқамандони соҳаи маориф ва илм бо ифтихори бузург ҷонибдорӣ намуда, дар виҷдони худ қавлу ваъда медиҳем, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадпарварона ва маорифпарваронаи ин инсони бузург шуда, дар иҷрои рисолати омӯзгорӣ амалҳои шоистаро анҷом хоҳем дод.

Бигузор, Тоҷикистони озоду ободи мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имсол 35-умин соҳибистиқлолиашро ҷашн мегирем, боз ҳам ба музаффарияту муваффақият ва ободии шоиста бирасаду мардумаш шоду масрур умр ба сар барад.

Замира Сатторова,

дотснт, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ