Паём: роҳнамову дастурамали кории ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд, ки ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт.
Маҳз таъкид ва бовариву эътимоди Пешвои миллат мо насли ҷавонро вазифадор менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии миллат ва созандагиву ободкори саҳми арзандаи хешро гузошта бошем.
Ҳамасола дар паёмҳои хеш сарвари давлат соҳаи кор бо ҷавононро дар мадди аввал гузошта ҷавононро нерӯи созанда ва пешбаранда меҳисобанд. Зимни ирои паёми навбатии худ сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Ҳамчунин хотирнишон кардан зарур аст, ки дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид, ки дар ин миён насли ҷавони кишвар аз омӯхтан ва ҷойҳои корӣ маҳрум монданд. Муттассифона дар он солҳо насли ҷавони кишвар улгуи худро наёфта ба ҳар роҳ қадам ва ба ҳар кор даст мезаданд.
Бо баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтан Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар такя намуда, баъд аз 30-рӯзи роҳбари мулоқоти хешро бо ҷавонон баргузор намуданд, ки ин нишона аз эътимод ва бовариву садоқат ба ҷавонон буд. Насли ҷавони кишвар ба сухан ва амалҳои сарвари хеш бовар намуда роҳи дуруст, созандагӣ, илмомӯзӣ ва бунёдкориро пеша намуданд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ то ба имрӯз сарвари давлат дар ҳар ҷамъомад, вохӯрӣ, паёмҳо аз дастовард, ташаббус ва фидокориҳои ҷавонон таъкид ва ба ин қишри ҷомеаи кишвар такя менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд. Чи тавре Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.
Президенти кишвар бо қаноатманди борҳо таъкид намуданд, ки итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд. Ҷиҳати илмомӯзии ҷавонон ва ба бозори меҳнат ҷавобгӯ будани ҷавонони кишвар ҳукумати мамлакат пайваста чораҳои заруриро андешида барои беҳтар намудани сатҳу сифати илмомӯзии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам овардааст.
Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2024беш аз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Пешвои миллат зарур шумориданд, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда шавад инчунин ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон роҳандозӣ гардад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун баҳри тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасози кишвар мебошад.
Ҳамчунин дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» насли ҷавонро водор месозад, ки ҷиҳати дар бозори меҳнат ҷавобгӯ будан аз технологияҳои нави пешқадам огоҳ бошанд ва марифати дурусти иноватсия огоҳ бошанд.
Сарвари давлат ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад ва дар робита ба ин, пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад. Таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ дастгирии дигари ҷаноби олӣ ба мо ҷавонон ва барои мутахассисони равияи барномасозӣ ба ҳисоб меравад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Бо мақсади ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.
Пешвои миллат такроран хотирнишон сохтанд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар ин радиф, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
Ҳамчунин сарвари давлат ҷиҳати тарбия намудани мутахассисони баландихтисос ва соҳибҳунар ба вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои марбута дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Зимни суханронии хеш сарвари давлат таъкид намуданд, ки бовар дорам ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Дар идомаи суханрони сарвари давлат ба хотири таъмини саломатии аҳолӣ, хусусан, наврасону ҷавонон, таблиғи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ соҳаи варзишро низ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти давлатдорӣ таъкид намуданд.
Сарвари давлат иброз дошданд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад. Сарвари давлат аз дастовардҳои варзишии ҷавонони кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда аз ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ ва қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор намуданд.
Дар ин замина ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаи варзиш дастур доданд, ки варзишгарон ва ҷавонони ташаббускор бояд дар мадди аввал бошанд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем.
Насли ҷавони кишварро месазад, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои сарвари давлат беэътиноӣ зоҳир накарда, пайваста илм омӯзем ва барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар бо ҳукумати мамлакат бошем.
Ҳар сухан, ишора ва паёмҳои Пешвои миллат баҳри ҷавонон раҳнамо вадастурамали корӣ бояд бошад!
Ҷамолзода Хушрӯз, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров