Паём - роҳнамои зиндагии имрӯзу фардои ҷомеа

Чун ҳамасола 28 декабри соли равон дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарифи Тоҷикистон бесаброна интизор буданд. Зеро дар Паём Пешвои миллат, тамоми дастовардҳои 33-соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардида, пешравию дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саъми мардуми кишвар расонида шуд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Инчунин аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар гардида, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба - солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад.
Дар заминаи таҳлили вазъи соҳаи саноат Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” супориш доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Зимни таҳлилу баррасии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки дар ин замина, Ҳукумати кишвар дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда истодааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.
Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва сохторҳои марбутаи соҳаи маориф аз Сарвари давлат дастур гирифтанд, ки рушди босуботу устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик таъмин намоянд.
Роҳбари давлат зарур шумориданд, ки “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 - 2030” дар муддати ду моҳ таҷдиди назар гардида, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.
Аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар, новобаст аз он, ки дар кадом соҳа кору фаъолият менамояд, хулосаи дуруст бароварда, бояд кӯшиш намояд, ки он ҳадафу маром ва барномаҳое, ки дар Паёмашон баён доштанд, каме ҳам бошад дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми арзандаи худро гузоранд ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандони Сарвари кишвар бошанд.
Исмоилова М.Б., сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ