​Паём - роҳнамои мо

Таҳти ин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо ҷалби донишҷӯёни шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ҷамъомад доир шуд. Ин ташаббус аз ҷониби масъулини кафедраи технология ва методикаи таълими он ба роҳ монда шуда, дар он декани факултет ва устодону донишҷӯён иштирок карданд.

Дар доираи ҷамъомад омӯзгорон доир ба самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, татбиқи самараноки он кафили таъмини пешрафт аст.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён перомуни нуктаҳои муҳими Паём табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ