​Паём – роҳнамои имрӯзу фардои мо

Имрӯз дар факултети иқтисодӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Паём – роҳнамои имрӯзу фардои мо” бо иштироки васеи устодон ташкил ва баргузор гардид.

Ба кори мимзи гирд дотсент Манзура Нуриддинова - декани факултет ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат самтҳои сиёсӣ, муносибатҳои дохиливу хориҷии мамлакат, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, тандурустӣ, маориф ва хосатан иқтисодиётро мавридиди таҳлилу браасӣ қарор дод. Мавсуф таъкид дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат санади муҳими расмӣ, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳои ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Сипас, Рустамҷон Мавлонов - дотсенти кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг дар мавзӯи “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, сармуаллимаи кафедраи кори бонкӣ, Раҳматова Н. дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамои манфиатҳои миллӣ” ва муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултет, Ҷӯраев М. дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат” баромад намуданд.

Маърӯзачиён дар баромадҳояшон перомуни самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, хосатан рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакат ибрози назар намуданд. Қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат як рисолати бузурги таърихиро таҷассум ва ба як марҳилаи нави тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо оғоз ниҳода, ки он дар вуҷуди хеш таҳаввулоти давлатдории миллии тоҷикон ва ҳифзи асолату ҳастии миллати куҳанбунёди моро барои садсолаҳои дигар таҷассум гардонид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ