ПАЁМ – РОҲКУШО ВА РОҲНАМОИ ҶОМЕА
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян намуд. Паём на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои давраи гузашта, балки барномаи мушаххаси амал барои ояндаи наздик ва дур ба ҳисоб меравад. Дар ин миён, соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувори ҷомеа ва кафили пешрафти давлат ҳамеша мавқеи меҳварӣ дорад. Дар ин Паём масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас барои сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа гузошта шуданд.
Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимии хешро равон месозанд.
Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, ҳамчун санади роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа хизмат мекунад. Дар Паём маориф на танҳо ҳамчун соҳаи иҷтимоӣ, балки ҳамчун сармоягузории асосӣ ба ояндаи миллат муаррифӣ мегардад.
Дар солҳои охир дар Паёмҳои Президенти кишвар пайваста таъкид мешавад, ки рушди маориф бояд ба талаботи иқтисодиёти муосир, пешрафти илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ мутобиқ бошад. Ин равиш нишон медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат маорифро ҳамчун омили калидии рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки Паём барои омӯзгорон, донишҷӯён, хонандагон ва тамоми аҳли ҷомеа ҳамчун дастури амалӣ хизмат менамояд.
Дар рафти Паём Сарвари давлат зикр намуданд, ки «...рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст».
Яке аз самтҳои меҳварии Паёми Президент дар соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Таъкид мегардад, ки сифати таҳсил бояд ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Барои ин такмили барномаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш ва истифодаи технологияҳои рақамӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар Паём зарурати рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ, дақиқ ва техникӣ махсус таъкид мешавад. Ин равиш ба сиёсати давлатии эълоншуда – рушди илм, технология ва инноватсия мувофиқ буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд.
Паёми Президент ба масъалаи таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ низ диққати ҷиддӣ медиҳад. Сохтмон ва азнавсозии мактабҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир, лабораторияҳо, синфхонаҳои компютерӣ ва дастрасӣ ба интернет аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Ин тадбирҳо на танҳо барои беҳтар гардидани шароити таълим, балки барои фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва эҷодкорӣ барои хонандагону донишҷӯён замина мегузоранд.
Таваҷҷуҳи асосии Пешвои миллат дар соҳаи маориф гувоҳи он аст, ки дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4% фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дар соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф эълон намуда буданд, ки ин иқдом ҷиҳати такон бахшидани рушди соҳаи маориф заминаи устувореро ба миён гузошт.
Дар Паёми Пешвои миллат омӯзгор ҳамчун шахси калидӣ дар ташаккули шахсияти инсон ва рушди ҷомеа муаррифӣ мегардад. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, беҳтар намудани шароити меҳнат ва сатҳи зиндагии онҳо яке аз масъалаҳои доимӣ дар суханрониву баромадҳои Сарвари кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид мешавад, ки омӯзгор бояд на танҳо донишдиҳанда, балки тарбиятгар, роҳнамо ва намунаи ахлоқӣ барои насли наврас бошад. Аз ин рӯ, такмили ихтисоси омӯзгорон, омодасозии кадрҳои ҷавон ва ҷалби мутахассисони баландихтисос ба соҳаи маориф аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Дар Паёми худ Роҳбари давлат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намуданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулияти баланд ва дасту дили пок муносибат намоянд, зеро фарзандон оянда давомдиҳандаи кору пайкорӣ мо мебошанд. «Ҳар яки мо ҳеҷ вақт фаромӯш насозем, ки ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии калон дорад».
Дар маҷмуъ, Паёми Президент роҳкушои фардои дурахшони Тоҷикистон ва роҳнамои ҳар яки мост. Он моро ба меҳнати софдилона, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, худшиносии миллӣ ва масъулиятшиносӣ даъват мекунад. Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда кафолати пешрафти устувори давлат ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон мебошад.
Мазмуни Паёми Президент танҳо ба мақомоти давлатӣ маҳдуд намешавад. Он роҳнамо барои ҳар як шаҳрванд, бахусус аҳли маориф мебошад. Омӯзгорон, донишҷӯён, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар татбиқи ҳадафҳои дар Паём зикршуда саҳмгузор бошанд.
Фаҳмиши дурусти муҳтавои Паём ва татбиқи он дар фаъолияти ҳаррӯза метавонад ба рушди соҳаи маориф ва пешрафти умумии кишвар мусоидат намояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, роҳкушою роҳнамои ҳар яки мост. Дар он соҳаи маориф ҳамчун асоси рушди устувори давлат ва кафили ояндаи дурахшони миллат муаррифӣ мегардад. Тавассути татбиқи пайвастаи нуктаҳои Паём дар соҳаи таълим ва тарбия метавон насли босавод, соҳибкасб, ватандӯст ва масъулиятшиносро ба воя расонд.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як омӯзгор ва аҳли ҷомеа дар он аст, ки Паёми Пешвои миллатро амиқ дарк намуда, онро дар фаъолияти касбӣ ва шаҳрвандии худ роҳандозӣ намояд. Танҳо дар ҳамин сурат маориф метавонад ба нерӯи воқеии рушди миллӣ табдил ёбад ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пешрафтаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Юнусӣ Хайрӣ Юнусзода,
декани факултети санъати тасвирӣ ва дизайни
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»