ПАЁМ – РАҲНАМОИ МОСТ!
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 20 феврали соли 2026 дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – раҳнамои мост!» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифта, иштирокчиён перомуни масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Дар идома доир ба самтҳои афзалиятноки рушди кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рақамикунонии соҳаҳо, рушди фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ сухан рафта, афзуда шуд, ки омӯзиши мунтазами Паём барои ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар анҷом қайд гардид, ки нуктаҳои Паём бояд ҳамчун дастурамали муҳим дар фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони соҳаи маориф ва илм мавриди истифода қарор гиранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил