Паём раҳнамои имрӯзу фардои миллат!

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, президенти кишвар муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд. Ироаи Паём ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки дар таърихи давраи соҳибистиқлолии кишвар бори аввал дар бинои нави Парлумони кишвар баргузор гардид, нуфузи Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналмиллалӣ боло бардошт. Ин ҳодиса дар таърихи кишвари азизамон ҳамчун саҳифаи нави тараққиёти мамлакат сабт хоҳад шуд. Нахуст, андешаи Роҳбарияти олии кишвар дар бобати бо сари баланд ва дастовардҳои назаррас таҷлил кардани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша карданд. Воқеан, дар зарфи 30-соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати азизамонро тамоми дунё шинохт ва эътироф низ кард. Имрӯз боиси ифтихору дилгармист, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф ниҳода, дорои арзишҳои милливу фарҳангӣ, маданияти володошта мешиносанд. Ин аст, ки дар шароити инкишофёфта даҳҳои сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷа дар ҳудуди кишвари мо фаъолияти пурсамар ва ҳамкорӣ қавӣ доранд. Паёми Пешвои миллат саропо аз масоили мубрами иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва сиёсӣ буд. Дар ҷомеаи навини тоҷикистонӣ аҳли мардум бояд сарҷамъ ва ба манфиати ташаккули ҷомеа, давлату Ҳукумат кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро пойдории давлат аз ҳар як фарди ба нангу номуси кишвар, ҳар як зиёӣ, ҳар як хизматчии давлатӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар Паёми Пешмои муаззами кишвар қайд гардид, ки кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар бобати ин масъала рушди босуръати инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо, бунёди биноҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва ғайраро қайд намуд. Кушода шудани корхонаҳои нави саноати, бунёби НБО, сохтани пулу роҳҳо ва дигар тараққияти соҳаҳои гуногунро зикр доштан ба маврид аст. Новобаста аз тараққиёт Роҳбарияти олии кишвар дар бобати нооромии минтақаҳои гуногуни кишвар ибрози андеша карданд, ки тамоми ҷомеа бояд сари масъалаҳои андеи дуруст карда тавонанд. Пеш аз ҳама, роҳҳои аз таҳдидҳои замони муосир эмин будан доштани саводнокӣ, зиракии сиёсӣ, донишҳои компютерӣ, арҷ гузоштан ва ҳифз кардани фарҳанги миллӣ мебошад. Маҳз ин омилҳо метавонанд касро аз роҳи гумроҳӣ эмин нигаҳ дорад. Ғайр аз ин, заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум басо муҳим аст.
Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Масалан, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи натиҷаи хуб аст. Дар ин росто ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шудаст, ки пешрафти кишварро тақозо менамояд.
Тоҷикистон дар омад-омади ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки дар Паёми Ҷаноби Олӣ вобаста ба таҷлили он бо натиҷаҳои мушаххас вазифаҳои муҳим дар назди давлату Ҳукумат гузошта шудааст. Агар дар бобати ободони сухан кунем, барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шудааст ва ин иқдом то таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ идома меёбад.
Ҷоизи тазаккур аст, ки дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки ҳаёти мардумро боз ҳам осону рангин намуд. Алалхусус ҷавонону наврасон, кӯдакон бо шароити хуби иншоотҳои таълимӣ таъмин шуда, ба ин васила сатҳу сифати таълим ва тарбия ҳамарӯза беҳтар гардидаистодааст.
Пешвои миллат дар ҳар як баромади худ, дар ироаи Паёми имсола низ оид ба фаъолияти соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сухан ронда, нақши онҳоро дар корҳои ободӣ муҳим арзёбӣ менамоянд. Воқеан, Роҳбари олии кишвар бо як ҳисси баланди роҳбарӣ, бо самияти хоса мардумро барои ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат, бо ниҳодҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд ва ба халқи худ боварии комил доранд. Ин нишонаи инсонгароии роҳбарро тақозо менамояд. Ба ин мазмун сатрҳои шоири бузургворро гуфтан ба маврид аст:
Як гули мақсуд дар ин бӯстон,
Чида нашуд бе мадади дӯстон.
Имрӯз кишвари мо як оилаи бузурге мебошад, ки бояд мардум аз як гиребон сар бароранд. Бо ҳамдигар дӯсту иттифоқ бошанд. Арзишҳои миллиро эътироф кунад, то ин ки мутаҳаддиро дар шароити таҳдидҳои замони муосир аз даст надиҳанд. Ин ғояҳоро дар ироаи Паёми Пешвои миллат оинавор дидан мумкин буд. \
Вобаста натиҷагирӣ сухан ронем, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар шароити муосир ва хатарҳои гуногун ба чунин натиҷа ноил гардидани давлат фаъолияти хуби Сарвари давлат ва Ҳукуматро тақозо менамояд. Тавассути амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум таъмин гардида, соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод. Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд, ки имрӯз мавқеи ин соҳаҳо нуфузи баландро дар ҷомеа касб карда истодаанд. Имрӯз ҷавонон хоҳиши ба ҷамъият ҳамроҳ шудан ва ба пешрафти давлату Ҳукумат хизмат карданро доранд ва он рӯз то рӯз вусъати тозаро касб карда истодааст.
Пешвои миллат иброз доштанд, ки мо набояд такя ба ин пешравиҳо ором бошед. Баръакс бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд. Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Имрӯз марҳилае фаро расидааст, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор мустаҳкам намояд. Дар ин масъала Пешвои миллат вазифаҳои мушаххасро дар назди масъулин гузоштанд.
Иқтибос аз Паём: “Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.
Барои ба ҳадаф расидан вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро бояд таъмин намоянд.
Яке аз пешниҳоди ҷолиб, ки метавонад ҷиҳати тезонидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳаматарафаи имкониятҳои технологияи рақамӣ таъсири амиқи худро гузорад, ин эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Дар бобати самти мазкур Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои Миллат, президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мушаххасро гузоштанд, ки дар солҳои наздик самараи некӣ худро медиҳад. Ғамхории роҳбари давлат дар ҳар як баромаду натиҷагириҳо дида мешавад ва мардум онро дарк мекунанд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар Сулҳу субот, амнияти миллӣ қарор доранд. Нигоҳ доштани он аз масъулияти ҳар як аъзои бонангу номуси ҷомеа вобаста аст. Ҳар нафаре, ки ба ин ободӣ ношукри мекунад хатоги маҳз мекунад. Зеро мо бояд дарк кунем, ки ободии кишвар пеш аз ҳама за худи мо, аз оилаи мо, аз хонаи мо оғоз мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар мо зиёиён аҳли ҷомеаро таклиф мекунем, ки сарҷамъ бошем ва ба рушди давлати азизамон, ки хонаи мо аст, саҳмгузор бошем.
Ҳасанова З.А., мудири кафедра умумидонишгоҳии фалсафа, дотсент, Ҳотамова М.Ғ., муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, номзади илмҳои фалсафа