Паём меҳвари фаъолият

Санаи 28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар пайванди мантиқӣ бо шароити ҷаҳони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Агар ба муҳтавои Паёмнавбати эътибор диҳем, мебинем, ки дар он ба ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа қисмате ҷудо гардида, муҳимтарин самтҳои фаъолияти бахшҳобарои ояндаи наздик вазифагузорӣ шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

Ҳукумати мамлакат бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри он мекӯшад, ки кулли соҳаҳои хоҷагии халқи давлати соҳибистиқлоламон, аз ҷумла иқтисодиёти рӯ ба рушди бемайлон овардаи Ватани азизамон пайваста ҳамқадами ҳаёт бошад. Мусаллам аст, ки бахусус даҳсолаи охир технологияи рақамӣ бо қадамҳои гушношунид рушду такомул ёфта, тадриҷан на фақат дар муҳимтарин шохаҳои иқтисодиёти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, балки дар тамоми ҷабҳаҳои рӯзгори инсоният бо суръати кайҳонӣ роҳ меёбад ва аҳли башар шоҳид ҳастанд, ки инқилоби навбатии илмию техникӣ ба пешрафтҳои муъҷизаосои рузгори мардуми саросари олам мусоидати созанда ва бунёдгарона менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар умум бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст.

Барои амалӣ сохтаниин нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватанва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳоимуайяннамудаамон наздик мекунад.

Саркорбобоева М.М., сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоњии сиёсатшинос

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ