Паём - барномаи рушд ва суботи ҷомеа

Эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ҳам бо мақсади рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мебошад, чунки истифодаи технологияҳои компютерӣ ва рақамӣ, ин омили асосии рушди сиёсати иқтисодии кишварҳои мутараққӣ мебошад ва бечунучаро дар тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи дилхоҳ мамлакат нақши калидӣ мебозад.
Инчунин, дар давоми солҳои охир садҳо километр роҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мумфарш карда шуданд.
Дар давоми соли 2024 бошад, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони ватанӣ ва садоқату вафодорию ватандӯстӣ ва маблағгузории мардуми шарифи кишварба маблағи 1млрд сомонӣ зиёда аз 2000км роҳҳои нақлиётии кишвар дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботҳои стандартӣ мумфарш карда шуданд. Ин аз баланд шудани сатҳи маърифату ватандустӣ, ҳуввияти миллӣ, худогоҳию худшиносӣ ва баланд шудани сифатизиндагии мардуми кишвар дарак медиҳад.
Талошу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бениҳоят калон ҳаст. Дар ҳақиқат ҳамаи ин дигаргуниҳо,пешравиҳо ва тараққиёт бо шарофати корнамоиҳои беназири Пешвои муаззами миллат ба вуҷуд омадаанд.
Иқдому ташаббусҳои мондагориАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф хеле бузург аст. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳи ҳамагонро ба он ҷалб карданд, ки соҳаи маориф омили муҳимтарини ҳастии миллат ва наҷоти миллат буда, дар рушди ҷомеаи муосир нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистони навин дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёт қадамҳои устуворона,дар соҳаи маориф муваффақиятҳои назаррасро ба даст овардааст.
Аҳрорҷон Убайдуллоев,устоди кафедраи педагогикаи умумии МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров"