Падидаи номатлуби ҷомеа
Имрӯзҳо волидон ба таҳсили фарзандон монеъа мешаванд, ки ин ба ояндаи онҳо зарари манфӣ мерасонад. Чунин амалҳо оқибат ба гумроҳии фарзанд оварда мерасонад.Ман фикр мекунам ҷавоне, ки соҳиби илм ва дониши хуби инсони аст ва аз ин зуҳуротҳои номатлуб бохабар аст ва дар бобати онҳо маълумоти кофи дорад, ҳаргиз ба ин гуна ҳизбу ҳаракат ки пушти он хонахаробону беватанон пинҳонанд ҳамроҳ нахоҳад шуд.Ин барои инсони соҳибилм маълум аст, ки ин равияҳо ҳаргиз беҳбудии ватанро намехоҳад. Ватанро бо хунрези не балки бо якдилию якмароми метавон обод сохт. Пушти ин ду калимоти нокасона ҳаргизу – ҳаргиз хубию накукори ҷой надорад. Ин одамони ҳайвонсифат номи дину мазҳабро ба ин калимотҳо якҷо сохта, бо ин роҳ шуру хархашаро барпо месозанд. Ҷавонони мо бояд дар ин асре, ки ҳаёт ба сар мебаранд тафакури васеъи илмӣ дошта ин ду маҳфумро донанду пай баранд, ки даруни ин ду калимот зиштию бадбини пинҳон аст. Ободи албатта дар ҷангу хунрезиҳои шахсони бегуноҳ ба амал намеояд. Ободию шукуфои дар ҳамбастагӣ ба вуқуъ мепайвандад. Волидони азиз падару модари гиромиқадри мо агар қарзи волидонии хешро адо созанд, шояд ки ин гуна нобакориҳо боз камтар рух диҳанд. Падару модар бояд донанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо танҳо ба вуҷуд овардани насл нест. Балки тарбия ва омӯзонидани илму дониш вазифаи авалиндараҷаи онҳо ҳаст.
Дар ин ҳолат ҳеҷ гуна зуроварӣ ба амал нахоҳад омад. Фарзандро таҳти назорат бояд гузошт, ба ӯ хату саводро бояд омӯзонд. Соҳиби илм, ки шуд ватанро дӯст медорад дар рагу пайвандаш хуни ватан ҷӯш мезанад ва мефаҳмад, ки хубаш кию бадаш кӣ. Аниқтару возеҳтар карда гӯем дар рафти тарбияву босаводкунии фарзанд бетараф набояд буд. Вақто, ки ҳар як амалро таҳти назорат қарор диҳем давлату миллат шукуфон мешавад.