Озмуни вилоятии “Дастони моҳир”

Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷиҳати тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва муаррифии намунаи ҳунарҳои миллӣ озмуни вилоятии "Дастони моҳир" эълон гардид.
Озмуни мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, дар се давр баргузор хоҳад шуд.
Даври якум ва дуюми озмун аз 1-ум то 16 феврал давом карда, феълан ба даври сеюми озмун наздик ба 100 нафар муаллифони намунаҳои беҳтарин ҳунарҳои дастӣ роҳ ёфтанд.
Интизор меравад, ки даври сеюми озмун дар таърихи 20 феврал дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардида, беҳтаринҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян ва қадр хоҳанд шуд.
Маврид ба таъкид аст, ки озмуни “Дастони моҳир” дар партави сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳунармандӣ, гиромидошти фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.
P.s. Ҷараёни баргузории даври якум ва дуюми озмунро тасвирҳо бозгӯ мекунанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил