​Озмуни «Варзиши ақл-2024»

Бо ташаббуси кафедраи Анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов озмуни «Варзиши ақл-2024» доир гардид. Ташаббуси мазкур бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардида, шуруъ аз 11 ноябр то 12 декабри соли 2024 идома намуд.

Озмуни мазкур бо мақсади оммавӣ гардонидани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин рушди қобилиятҳои мантиқии донишҷӯён ва омодасозии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун дар шакли рақобати гурӯҳӣ байни донишҷӯёни курсҳои 1-5 ба роҳ монда шуда, ба иштирокчиён се масъалаи гуногун аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ пешниҳод шуд.

Маросими ҷамъбасти озмун 21 декабр дар факултети математика баргузор гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия Маҳмудзода Бахтиёр ва иҷрокунандаи вазифаи декани факултети математика Маҳмудов Исмоилҷон ба ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ