Озмуни расми беҳтарин: “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва технология. Дизайн (графикӣ)” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷрибаомӯзӣ озмуни расми беҳтарин ташкил намуданд.
Озмуни мазкур таҳти унвони “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар байни хонандагони синфҳои 5–7 гузаронида шуд.
Ҳадафи озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва ба ин васила дар замири наврасон тарбия намудани зебоипрастӣ ва баланд бардоштани қобилияти эҷодии хонандагони муассиса унвон шуд.
Ғолибон бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Маврид ба таъкид аст, ки донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ мустақилона дар дарсҳо иштирок намуда, донишҳои назарии худро татбиқ намуда истодаанд.
Маркази иттилоот ватаҳлил