Озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” ба муносибати Иди Сада

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирї ва ҳунарҳои халқї бахшида ба Иди Сада таҳти унвони «Сада - ҷашни ниёгон» озмуни эҷодии “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Дар ин озмун донишҷӯёни гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуда, бо рангҳои акварелї корҳои эҷодиро иҷро намуданд.
Таъкид гардид, ки Сада иди ниёгон ва оини таърихи ориёиҳо яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Тибқи маъхазҳои таърихӣ иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд.
Ҳайати ҳакамони озмун дар ҳайати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедри санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Ғаниева Малика, дотсентон Исоев Акбар, Эшонова Насиба ва муаллимони калон Мулоҷонов Мансур, Масолиев Абдулло ба корҳои эҷодии ндонишҷӯён баҳогузорӣ намуданд.
Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷои аввалро Мирзобоева Дилором, ҷои дуюмро Бобоева Саёҳат, ҷои сеюмро Мамадҷонова Саидаҷон сазовор шуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил