​ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ЭҶОДКОРИ ДОСТОНҲОИ «ШОҲНОМА»

Бо мақсади гиромидошти шоҳасари Абулқосими Фирдавсӣ – «Шоҳнома» 16 марти соли 2026 дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн ҷамъбасти озмуни эҷодӣ таҳти унвони «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома» миёни донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории озмун тақвияти фаъолияти эҷодии донишҷӯён, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, инчунин арҷгузорӣ ба омӯзиши адабиёти тоҷик, бахусус осори гаронбаҳои «Шоҳнома» арзёбӣ шуд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултети санъати тасвирӣ ва дизайн Юнусзода Хайрӣ доир ба нақши «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ дар худшиносиву хуогоҳии насли ҷавон ёдовар шуда, онро яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабӣ, фарҳангӣ ва таърихии мардумони форсизабон унвон намуд.

Дар раванди ҷамъбасти озмун корҳои эҷодии донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд. Ба гуфтаи масъулон, иштирокчиён аз достонҳои китоби «Шоҳнома» илҳом гирифта, саҳнаҳои гуногуни онро бо усулҳои мухталифи эҷодӣ, аз ҷумла, бо чангаки бофандагӣ, бо шаббаҳои гуногунранг, инчунин тавассути расмҳои тасвирӣ бо истифода аз рангҳои ҷолиб ва услуби бадеӣ инъикос намудаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ беҳтарин иштирокчиёни озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин озмунҳо рамзи арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанг ва таҳкими худшиносии миллӣ дар ҷомеа, шиносоии бештари ҷавонон бо достонҳои қаҳрамонӣ ва ахлоқии «Шоҳнома» мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ