Озмун: 30-соли муваффақият ва дастовардҳои Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Мақолаи беҳтарин” дар мавзӯъҳои “30-соли муваффақият ва дастовардҳои Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақши родмардони далеру шуҷоъ дар рушди артиши миллӣ” ва “Эътимод ва боварии ҷавонон ба артиши миллӣ” миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон ва омӯзгорони ҷавон эълон менамояд.

Мақолаҳо бояд ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, 30-соли пешрафт, ташаккул ва комёбии артиши миллӣ, кору пайкор, ҷасорату матонат далерию шуҷоъат ва амалҳои қаҳрамононаю меҳанпарастонаи симоҳо ва шаҳсиятҳоро дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ инъикос намоянд.

Мақолаҳо аз 4 саҳифа кам набошанд. Ба маводҳое, ки таҳлилию илмӣ ҳастанд, бартарият дода мешавад.

Хоҳишмандон бояд маводҳои худро то санаи 15 феврали соли 2023 дар як нусхаи чопӣ ва электронӣ ба утоқи 105 – и раёсати донишгоҳ пешниҳод намоянд.

Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Телефон барои тамос: 93-171-00-02

Шуъбаи омодакунии кадрҳои

илмӣ ва илмӣ -педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ