Оромии кишвар дар сарҷаъмист
Ороми сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии кишвар, хандаҳои беғашикӯдакон,тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд.Бо шарофатиПешвои муаззами миллат мардуми тоҷик зиндагии ором,хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амониро дорад, ки ин неъмати бебаҳои одамигарӣмебошад.
Сулҳофаринии мардуми тоҷик дар таърих бо хатҳои зарҳалин навишта шудаанд. Мутаъсифона дар ҷамъият нафароне ёфт мешаванд, ки ин оромии моро чашми дидан надоранд ва бо ҳаргуна роҳу воситаҳо мехоҳанд оромии моро халалдор созанд. Воқеае, ки санаи 25.11.2021 дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рух дод далели ин гуфтаҳоянд. Хоинони миллат аз ин ҳодсаи баамаломадаҳангомаҳои болохонадор сохта хостанд мардумро ба шӯр андозанд. Вале хушбахтона хурсандии онҳо дер давом накард. Ҳар кореро оғозеву анҷомест. Он гирдиҳамоие, ки дар Хоруғ шуда буд дер давом накард. Санаи 28.11.2021 гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки баъди нисфирӯзии 25 ноябр дар шаҳри Хоруғ аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оғоз шуда буд қатъ карда шуд. Аксарияти шаҳрвандон, ки барои иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомот боздошт шудаанд, дар ҳолати мастӣ қарор доранд. Саркардагонигурӯҳҳои муташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, онҳоро бо нӯшокии спиртӣ ва воситаҳои нашъадор таъмин карда истодаанд, то ки ҷамъомадагон дар ҳолати мадҳушӣ ва таҳти идораи худ қарор диҳанд. Ин муттаҳамон то ба ин дараҷа паст рафтанд, ки ба ҷону қисмати он мардум раҳм накарданд. Барои манфиатҳои худ аз ҳаргуна роҳҳо истифода карданд.
Ман ба тамоми ҷавононишарафманди миллати тоҷик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки ҳушёр бошанд ва ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд.
Биоишаи Назар