Ҷониби Қирғизистон омили асосии муноқишаҳои марзӣ!
Тавре аз сархати васоити ахбори омма огаҳ гаштем шоми 12-уми апрели соли 2022 бо айби сарҳадбонони ҷониби кишвари ҳамсоя, Қирғизистон вазъият дар манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дубора муташанниҷ шудааст. Ҷониби Қирғизистон ҳамеша аҳдшиконона ва ноҷавонмардона сабаби сар задани муноқишаҳои марзӣ мешавад ва дар расонаҳои қирғизӣ даста-даста хабарҳои фейки пахш намуда ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор меҳисобад, ки бо ин рафтору амалашон бори дигар рафтори носипосонаи худро собит месозанд. Сабаби сар задани низоъ ҳамеша худсарона вориди марзи Тоҷикистон шудани сарҳадбонони қирғиз аст. Ҷониби Тоҷикистон дар ҳама ҳолат шаҳрвандонашро ҳимоя намуда, намегузорад ягон ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзаминро ғосибон аз худ кунанд ва худсарона ба хоки кишвари ҳамяоя низ ворид намешавад. Аммо сарҳадбонони қирғиз бошад, ба ҷойи пешгирии низоъ ба ҷониби шаҳрвандон ва сарҳадбонони Тоҷикистон оташ кушода, ба ҳамин васила мехоҳанд қисме аз заминҳои тоҷикистонро аз худ кунанд, ки ин фикрашон афсонаеро мемонаду бас!
Мо ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори сар задани ҷанг байни ду кишвар нестем, вале сарҳадбонони тоҷик вазифаи ҷонии худро иҷро намуда, сарзамини худро ҳимоя намуда, ба куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони худ беэътиноӣ зоҳир намекунанд.
Ин амали ноҷавонмардони ҷониби Қирғизистон дар ҳоле сурат гирифт, ки субҳи 12 апрел мулоқоти навбатии мақомоти вилоятҳои Суғду Бодканд баргузор шуда, дар мулоқот ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки дигар муноқишаҳои марзи сар назанад.
Аз ахборот ва иттилои сокинони назди сарҳадӣ бармеояд, ки асосан нисбати сарҳадбонони Тоҷикистон тирандозӣ аз тарафи марзбонони Қирғизистон сарзада, ҷониби ҳамсоя сабабгори асосии мунонқишаҳои гузаштаву имрӯза аст.
Мо ҷавонон дар партави сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии кишвар зидди ҳамагуна муноқишаҳои ғаразноки кишвари ҳамсоя ҳастем ва дар ҳама ҳолат омодаем аз сарзамини худ дифоъ кунем.
Сорбони Рустам, устоди ДДХ
ба номи академик Б.Ғафуров