Он ҷое, ки илм ҳаст ба хурофот роҳ нест!
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати созандаву бунёдкорро пеша намуда, ҳадафи асосиаш нигоҳ доштани неъматҳои бузурги Истиқлол, суботу оромӣ, амнияти ҷомеа ва ягонагиву ваҳдати миллист. Имрӯз барои решакан ва пешгирӣ намудани хатари экстремизму терроризм “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” таҳия ва қабул гардида, ҳамаи мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимии кишвар алайҳи ин зуҳуроти хатарафзо муборизаи беамон бурда истодаанд то ки шаҳрвандон ва ҷавонон аз хатари ин падида огоҳ ва эмин бошанд.
Ҳоло дар қатори дигар ниҳоди иҷтимоии ҷомеа нақши муассисаҳои таҳсилоти олиро дар муқовимат ба ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зеро ҷавонон-донишҷӯёни соҳибилму соҳибмаърифат метавонанд дар пешгирии падидаҳои манфиву харобиовар нақши асосӣ бозанд, ки муҳимтарини он иборатанд аз омӯзиши шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии терроризм (аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳш” аст), терроризми байналмилалӣ (терроризме, ки амалҳои он дар ҳудуди бештар аз як давлат содир шудаанд), террорист (шахси воқеӣ, ки мақсади иштирок дар фаъолияти террористиро дорад), ташкилоти террористӣ (ташкилоте, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти террористӣ таъсис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд), фаъолияти террористӣ (фаъолияте, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст), фаъолияти террористии байналмилалӣ (фаъолияти террористие, ки аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар ҳудуди зиёда аз як давлат амалӣ гардонида мешавад), экстремизм (аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан аст), экстремист (шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст), фаъолияти экстремистӣ(фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноором ва ноустувор сохтани суботу амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат равона шудаанд), маблағгузории экстремизм (бевосита ё бавосита пешниҳод намудан, ҷамъ овардани молу маблағ ва воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо барои банақшагирӣ, ташкил ва содир кардани амалҳои экстремистӣ ва хусусияти экстремистидошта), ташкилоти экстремистӣ (гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст.), маводи экстремистӣ, ҳуҷҷат, муқовимат ба экстремизм, ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти экстремистидошта, радикализм (аз калимаи лотинии “radia” – гирифта шуда, маънояш “реша” қатъӣ аст), фундаментализм (аз калимаи лотинии «fundament» гирифта шуда, маънояш асос, бунёд, таҳкурсӣ, поя ва пойдевор аст. Фундаменталист шахсе, ки ҷонибдори бунёди ҷомеаи пештара, сохт, ғоя, идеология, тарзи ҳаёти пештара, кӯҳна мебошад).
Хулоса он ҷое, ки илм ҳаст ба хурофот роҳ нест. Зеро дарки мафҳумҳои асосӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм дар байни қишрҳои гунонуни ҷомеа роҳест ба нигаҳ доштани сулҳу субот ва амнияти ҷомеа мебошад.
Ҷӯраева Гулафзо – омӯзгори факултети забонҳои шарқ