Омӯзиши забонҳои хориҷӣ заминаи рушд барои муколамаи фарҳангҳо

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва аз ин забонҳо дар муоширати касбӣ ва ҳаррўза истифода бурда метавонанд, меафзояд.
Бинобар ин андешидани чораҳои самарабахш баҳри инкишоф ва рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муошират бо ҷомеаи башарӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Чораҳои мақсаднок андешидашуда метавонанд доираи имконоти истифодабарӣ, амалӣ ва таҳияи методикаи муосири таълим, таҳия ва такмил додани маводи таълимӣ ва системаҳои комплексии технологии таълим, аз ҷумла системаи мултимедия, инчунин воситаҳои худомўзии фардиро, васеъ намоянд. Ҳамаи ин тадбирҳо коркарди механизмҳои нави муташаккилӣ, методӣ, илмӣ ва таъмини иттилоотии раванди таълиму тарбияро дар такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳои хеш пайваста наврасону ҷавононро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русию англисӣ ҳидоят мекунанд. Сарвари давлат зимни суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст».
Бинобар ин, имрӯзҳо аз тарафи вазорати маъориф ба татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», омода намудани омӯзгорони фанни забонҳои русию англисӣ ва имтиёзҳо барои омӯзгорони ин фанҳо, низоми таълим дар муассисаҳо то забондон гардидани хонандагон эътибори хоса дода мешавад.
Рушду пешрафти бавусъати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки наврасону ҷавонон техникаву технологияи муосирро хуб донанд ва бо забонҳои хориҷӣ озод суҳбат кунанд. Азхуд намудани технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон имкон фароҳам меорад, ки аз як тараф, маълумоти муфиди фаровонро ба даст оранд, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил бахшанд, аз ҷониби дигар, дастовардҳои кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд ва дар пешрафти устувори иқтисодиёти миллӣ саҳми муносиб гузоранд.
Мусаллам аст, ки дар кишвар «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амал мекунад, ки рафти татбиқи он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пайваста зери назорат қарор дорад. Ҷиҳати татбиқи он, пеш аз ҳама, Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм иборат аз 35 банд таҳия ва тасдиқ гардидааст. Таъкид кардан лозим аст, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Бояд қайд намуд, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба муттахсис имкониятҳои зеринро медиҳад: яъне ҳамгироии фаъолият бо низом ва анъанаҳои дигар мамолик; имконияти фаъолият дар шароити бисёрфарҳангӣ; имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат бо шарикони хориҷӣ; малакаи баргузории гуфтушунид, бахусус гуфтушунид дар фазои бисёрзабонӣ; имконияти миёнаравӣ ва миёнҷигарӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез ё корӣ; имконияти кор дар ташкилотҳои хориҷӣ; имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ; имконияти бо муваффақ муаррифии лоиҳа ва ё ширкати худ дар дилхоҳ намоишгоҳ ё конфронсҳои сатҳи гуногуни хориҷӣ ва ғайра.
Дар замони муосир мубрамияти бештарро муколамаҳо дар шароити бисёрфарҳангӣ касб намудааст, ки ҳангоми баргузории конфронсҳои байналхалқӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо, иштирокчиён ба мушкилоти забонӣ бар мехӯранд, ки дар чунин мавридҳо нақши асоси бар дӯши забони англисӣ меафтад, зеро забони англисӣ забони гуфтугӯи байни миллатҳо эътироф шудааст. Бояд қайд намуд, ки барои 600 миллион инсон забони англисӣ ё забони модарӣ ва ё забони дуюм дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 1,5 миллиард, яъне 30 % аҳолии ҷаҳон бо забони англисӣ муошират мекунад. Бештар аз 75 % мактубҳои дипломатӣ (мактуб, почтаҳои электронӣ) ва беш аз 90 % хабарҳо дар сомонаҳои интернетӣ бо забони англисӣ ба роҳ монда мешавад.
Имрӯзҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омӯхта мешавад. Имрузҳо ҷавонони тоҷик бо чандин забонҳои дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, сохибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.
Имрузҳо дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи хастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Точикистонро бо дигар давлатҳо чонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономӯзиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медихад.
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Забондонист, ки имрузхо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитахои дустй дорад. Ба сафархо мебарояд. Мусикии мардуми точикро чахониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати точик кормандони бузурги давлатхои таракдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони точик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабхои онон таълиму тарбия мегиранд.
Имрӯз дар гуфтор мардуми точикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест маҳол. Фарди тоҷик дар гуфтугуӣ бо мардуми эронинаҷод қариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, чехӣ озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фаҳри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён мебошад.
Омода намудани омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо мақсади ба роҳ мондани таълими дигар фанҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбие, ки имкони таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои русию англисиро доранд, гурӯҳҳои алоҳидаи таълимӣ таъсис дода шудаанд.
Аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ва ба бозомӯзӣ ҷалб намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон маҳз дар курсҳои такмили ихтисос аз навгониҳои таълим огоҳ мегарданд, шеваҳои тозаи тадрисро азхуд мекунанд, донишу ҷаҳонбинии хешро такмил мебахшанд, ки ин омилҳо ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат мекунанд. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар се сол як маротиба аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон дастур доданд. Вобаста ба ин масъала, санадҳои дахлдор омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Дар сохтори Вазорати маориф ва илм Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо филиалҳои он фаъолият менамоянд, ки дар ин муассисаҳо омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ мунтазам аз курсҳои такмили маҳорати касбӣ мегузаранд.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти вазорат муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар самти табодули донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу илм ҷиҳати омӯзиш ва ба роҳ мондани роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф мебошад.
Ҳамасола дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба табодули омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Точикистон ба муҳлати як моҳ, ду моҳ, се моҳ, як семестр ва солона ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар сурат мегирад. Табодули донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи барнома ва лоиҳаҳои байналмилалии хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Яъне, устодон ва коршиносони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои байналмилалӣ-минтақавӣ дар конфронс, симпозиум ва семинарҳои таълимию методӣ, ки берун аз кишвар аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил карда мешаванд, иштирок менамоянд.
Дар маҷмуъ, наметавон ба ин андеша розӣ шуд, зеро имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар зери роҳнамоию таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм тамоми шароити мусоид ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин, хонандаю донишҷӯро зарур аст, ки дар мадди аввал барои азхуд намудани ин ё он забони хориҷӣ бо шавқу рағбат ва омӯзиши амиқ ҳамвора талош кунад. Иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегарданд, аз густариши омӯзиши забонҳои русию англисӣ дар кишвар шаҳодат медиҳанд.
Хулоса, забондонӣ – ҷахондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзахои ҳаёт чӣ ғаму дард ва чӣ хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.
Забондонй ба волой расонад,
Зи гумрохию нодонй рахонад.
Касе к-у беш омузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.
Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон асту ҳеч гоҳ дар ягон маврид дар намемонад.
Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. Он ҳамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва мачлисорой ҳамаи анчуманхоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.
Дехканова О.К., омӯзгори кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ